IQNA

Дархости Созмони ҳамкории исломӣ аз Дания:

Қатъномаи Созмони Милал дар бораи нафратпарокании диниро иҷро кунед

15:45 - July 24, 2023
рақами хабар: 254
Созмони ҳамкории исломӣ аз мақомоти Дания хост то қатъномаи Созмони Милал дар бораи  нафратпарокании диниро иҷро кунанд.

Ба гузориши (ИКНА), намояндагии Созмони ҳамкории исломӣ дар Созмони Милали Муттаҳид бо судури баёнияе беҳурматӣ ва оташ задани Қуръони Карим дар Данияро маҳкум кард ва аз мақомоти ин кишвар хост то тибқи қонуни байналмилалӣ ба тааҳҳудоти худ пойбанд бошанд.

Дар ин баёния, ки дар ҳисоби Тветарии ин Созмон мунташир шуда, омадааст: мо беҳурматии Қуръони Карим дар рӯзи гузашта дар Данияро ба шиддат маҳкум мекунем.

Дар ин баёния таъкид шудааст: дифои мустамар аз ин иқдомоти зидди исломӣ ва адами ҷилавгирӣ аз он ба баҳонаи озодии баён ошкоро ба масуният аз муҷозот дар ин замина доман мезанад.

Ин Созмон аз Дания хост то ба тааҳҳудоти худ бар асоси қонуни байналмилалӣ амал кунад ва қатъномаи шӯрои ҳуқуқи башари Созмони Милал дар мавриди нафратпарокании диниро иҷроӣ кунад.

Дар ин баёния омадааст: касоне, ки бо вуҷуди дастуроти сареҳи шӯрои ҳуқуқи башар садои худро баланд намекунанд, ба суръат эътибори худро аз даст медиҳанд.

Дар 12 июл, шӯрои ҳуқуқи башари Созмони Милали Муттаҳид (мустақар дар Женева) нақзи Қуръони Карим дар поёни июни гузашта дар Шветсияро бо вуҷуди раъйи манфии кишварҳои ғарбӣ ба қатъномаи пешниҳодии ин шӯро, маҳкум кард.

Ин қатънома хостори маҳкумияти ҳамалоте шуд, ки Қуръонро ҳадаф қарор медиҳад ва бар асоси ин қатънома ингуна иқдомот, нафратпарокании мазҳабӣ тавсиф мешавад.

Рӯзи ҷумъа, як гурӯҳи ростгарои ифротии данияӣ зидди исломӣ, нусхае аз Қуръони Каримро дар муқобили сафорати Ироқ дар Копенгаген оташ зад.

https://iqna.ir/00HRX7

captcha