IQNA

Кремл: Башор Асад дар Русия аст

18:25 - December 09, 2024
рақами хабар: 2547
ИКНА - Бар асоси эъломи Кохи Кремл, Башор Асад, раисҷумҳури Сурия ва хонаводааш дар Русия ҳастанд. 

Ба гузориши ИКНА, як мақоми русӣ дар Кохи Кремл ба хабаргузории "ТАСС"-и Русия гуфт, ки Русия ба онҳо ҳаққи паноҳндагӣ додааст.

Дар пайи вуруди муоризони мусаллаҳи сурӣ ба шаҳри Димишқ ва суқути ҳукумати Башор Асад, раисҷумҳури Сурия, манобеи расонаӣ ахбори зидду нақизеро аз субҳи рӯзи якшанбе токунун дар бораи сарнавишти вай ва хонаводааш мунташир кардаанд.

Хабаргузории Рейтер дар ин бора навишт: Ду афсари аршади артиши Сурия, ки бо ин таҳаввулот ошно ҳастанд рӯзи якшанбе гуфтанд Башор Асад, раисҷумҳури Сурия савори ҳавопаймо шуд ва ба мақсади номаълуме рафт.

Шабакаи Алҷазира низ бар асоси додаҳои сайти расади парвозҳо "Flight Radar" гузориш дод, ки ҳавопаймое, ки эҳтимолан дар он Башор Асад, будааст, ба сӯи шимоли ғарб ба парвоз даромада ва сипас дар наздикии шаҳри Ҳумс давр зада ва пас аз он аз радар махфӣ шудааст.

Пойгоҳи хабарии Аксиос ба нақл аз як мақоми амрикоӣ навишта буд: Мо Башор Асадро шанбе шаб дар ҳоли хурӯҷ аз Димишқ радёбӣ кардем ва фикр мекунем, ки ӯ қасди сафар ба Маскавро дошт.

https://iqna.ir/fa/news/4253071

captcha