Ба гузориши (ИКНА) ба нақл аз Собирин Нюз, ҳамзмон бо барпоӣ тазоҳуроти рӯзона дар маҳкумияти Қуръон ситезӣ дар Ироқ, ҷадидтарин деворнавиштаи майдони Фирдавс дар маркази Бағдод рӯнамоӣ шуд.
Дар ин деворнавишта бо шиори العراق وطننا و القرآن هویتنا (Ироқ ватани мо ва Қуръон ҳувияти мост), тасвире аз шаҳрвандони ироқӣ дар ҳоле, ки нусхаҳое аз Қуръони Карим ва парчамҳои кишварашонро дар даст доранд, нақш бастааст.
Собирин Ниюз навишт: деворнигораи майдони Фирдавс дар маркази Бағдод бо мавзеъи пурифтихори давлат ва миллати Ироқ дар ҳимоят аз китоби Худо ва парчами Ироқ тазъин шуд, ки дар натиҷаи он сафири Шветсия дар Ироқро ҳам ихроҷ карданд.
Давлати Ироқ дар вокуниш ба такрори иҳонт ба Қуръони Карим тавассути як фарди мулҳиди ироқиюласл дар Шветсия сафир ва кордори сафорати Шветсия дар Бағдодро ихроҷ ва равобити худ бо ин кишварро ба ҳоли таълиқ даровардааст.
Як гурӯҳи ифротии дигар ҳам дар Дания баробари сафорати Ироқ иқдом ба Қуръонсӯзӣ кард, ки ин ҳодиса низ бо мавҷи хашми кишварҳои исломӣ ва аз ҷумла ироқиҳо ҳамроҳ шуд, ки тайи рӯзҳои гузашта дар пойтахт ва шаҳрҳои мухталифи ин кишвар тазоҳурот дар маҳкумияти иҳонат ба муқаддасоти исломӣ баргузор карданд.