Мардуми Сурия бо барпоӣ таҷаммӯъ дар ҳарами ҳазрати Зайнаб(с) зимни маҳкум кардани беҳурматӣ ба Қуръони Карим бар дифоъ аз соҳати муқаддаси китоби Худо таъкид карданд.

Ба гузориши (ИКНА) ба нақл аз Юниюз, ҳарами ҳазрати Зайнаб(с) дар Рифи Димишқ рӯзи якшанбе пас аз иқомаи намози зӯҳр ва аср саҳнаи иҷтимоъи мардумӣ дар маҳкумияти қуръонсӯзӣ буд.
Намозгузорони сурӣ бо сар додани шиори лаббайка ё Қуръон ва лаббайка китобуллоҳ ва “Ҳайҳот минназ-зилла!” таъкид карданд, қиёми имоми Ҳусайн(а) барои дифоъ аз Қуръон буда ва барои дифоъ аз Қуръон истодаанд.
Ширкаткунандагон дар ин иҷтимоъ дар ҳоле, ки нусхаҳое аз Қуръони Каримро дар даст доштанд, зимни маҳкум кардани беҳурматии муқаддасоти исломӣ дар Шветсия ва Дания хоҳони муҷозоти авомили он шуданд.