IQNA

Қуръон чӣ мегӯяд / 42

Тӯлонитарин ояти Қуръон дар бораи чист?

0:23 - July 26, 2023
рақами хабар: 265
Бузургтарин ояти Қуръон дар бораи масоили ҳуқуқӣ ва наҳваи танзими асноди тиҷорӣ аст. Ин оят нишонаи диққати назар ва ҷомеияти Ислом аст, ки дақиқтарин масоили ҳуқуқиро тарҳ кардааст.

یَا أَیُّهَا الَّذِینَ آمَنُوا إِذَا تَدَایَنْتُمْ بِدَیْنٍ إِلَى أَجَلٍ مُسَمًّى فَاكْتُبُوهُ وَلْیَكْتُبْ بَیْنَكُمْ كَاتِبٌ بِالْعَدْلِ وَلَا یَأْبَ كَاتِبٌ أَنْ یَكْتُبَ كَمَا عَلَّمَهُ اللَّهُ فَلْیَكْتُبْ وَلْیُمْلِلِ الَّذِی عَلَیْهِ الْحَقُّ وَلْیَتَّقِ اللَّهَ رَبَّهُ وَلَا یَبْخَسْ مِنْهُ شَیْئًا فَإِنْ كَانَ الَّذِی عَلَیْهِ الْحَقُّ سَفِیهًا أَوْ ضَعِیفًا أَوْ لَا یَسْتَطِیعُ أَنْ یُمِلَّ هُوَ فَلْیُمْلِلْ وَلِیُّهُ بِالْعَدْلِ وَاسْتَشْهِدُوا شَهِیدَیْنِ مِنْ رِجَالِكُمْ فَإِنْ لَمْ یَكُونَا رَجُلَیْنِ فَرَجُلٌ وَامْرَأَتَانِ مِمَّنْ تَرْضَوْنَ مِنَ الشُّهَدَاءِ أَنْ تَضِلَّ إِحْدَاهُمَا فَتُذَكِّرَ إِحْدَاهُمَا الْأُخْرَى وَلَا یَأْبَ الشُّهَدَاءُ إِذَا مَا دُعُوا وَلَا تَسْأَمُوا أَنْ تَكْتُبُوهُ صَغِیرًا أَوْ كَبِیرًا إِلَى أَجَلِهِ ذَلِكُمْ أَقْسَطُ عِنْدَ اللَّهِ وَأَقْوَمُ لِلشَّهَادَةِ وَأَدْنَى أَلَّا تَرْتَابُوا إِلَّا أَنْ تَكُونَ تِجَارَةً حَاضِرَةً تُدِیرُونَهَا بَیْنَكُمْ فَلَیْسَ عَلَیْكُمْ جُنَاحٌ أَلَّا تَكْتُبُوهَا وَأَشْهِدُوا إِذَا تَبَایَعْتُمْ وَلَا یُضَارَّ كَاتِبٌ وَلَا شَهِیدٌ وَإِنْ تَفْعَلُوا فَإِنَّهُ فُسُوقٌ بِكُمْ وَاتَّقُوا اللَّهَ وَیُعَلِّمُكُمُ اللَّهُ وَاللَّهُ بِكُلِّ شَیْءٍ عَلِیمٌ; “Эй касоне, ки имон овардаед! Ҳангоме, ки қарзи муддат доре (ба хотири вом ё доду ситад) ба якдигар пайдо кунед, онро бинависед! Ва бояд нависандаи аз рӯи адолат, (санадро) дар миёни шумо бинависад! Ва касе, ки қудрат бар нависандагӣ дорад, набояд аз навиштан - ҳамон тавр, ки Худо ба ӯ таълим дода - худдорӣ кунад! Пас бояд бинависад, ва он кас, ки ҳақ бар ӯҳдаи ӯст, бояд имло кунад, ва аз Худо, ки Парвардигори ӯст ба парҳезд, ва чизеро фурӯгузор нанумояд! Ва агар касе, ки ҳақ бар зиммаи ӯст, сафеҳ ё (аз назари ақл) заиф (ва маҷнун) аст, ё (ба хотири гунг будан,) тавоноӣ бар имло кардан надорад, бояд валии ӯ (ба ҷои ӯ,) бо риояти адолат, имло кунад! Ва ду нафар аз мардони (одили) худро (бар ин ҳақ) шоҳид бигиред! Ва агар ду мард набуданд, як мард ва ду зан, аз касоне, ки мавриди ризоят ва итминони шумо ҳастанд, интихоб кунед! (Ва ин ду зан, бояд бо ҳам шоҳид қарор гиранд,) то агар яке инҳирофе ёфт, дигарӣ ба ӯ ёд оварӣ кунад. Ва шуҳуд набояд ба ҳангоме, ки онҳоро (барои шаҳодат) даъват мекунанд, худдорӣ намоянд! Ва аз навиштани (қарзи худ,) чӣ кӯчак бошад ё бузург, малул нашавед (ҳар чӣ бошад бинависед)! Ин, дар назди Худо ба адолат наздиктар, ва барои шаҳодат мустақимтар, ва барои ҷилавгирӣ аз тардид ва шак (ва низоъ ва гуфтугӯ) беҳтар мебошад, магар инки доду ситад нақдӣ бошад, ки байни худ, даст ба даст ме‏кунед. Дар ин сурат, гуноҳе бар шумо нест, ки онро нанависед. Вале ҳангоме, ки хариду фурӯши (нақдӣ) ме‏кунед, шоҳид бигиред! Ва набояд ба нависанда ва шоҳид, (ба хотири ҳаққгӯӣ,) зиён бирасад (ва таҳти фишор қарор гиранд)! Ва агар чунин кунед, аз фармони Парвардигор хориҷ шудаед. Аз Худо бипарҳезед ва Худованд ба шумо таълим ме‏диҳад, худованд ба ҳама чиз доност”. (Бақара, 282)

Бузургтарин ояти Қуръон, ин оят аст, ки дар бораи масоили ҳуқуқӣ ва наҳваи танзими асноди тиҷорӣ аст. Мӯҳтавои ин оят равшан аст ва тавзеҳи чандоне намехоҳад. Дар замоне, ки дар тамоми ҷазиратул Араб ба гуфтаи муваррихон, 17 босавод бештар набуда, ин ҳама сухан аз навиштан, нишонаи таваҷҷуҳи Ислом ба илм ва ҳифзи ҳуқуқ аст.

Ин оят нишонаи диққати назар ва ҷомеъияти Ислом аст, ки дар давраи ҷоҳилият ва дар миёни мардуми ақиб афтода, дақиқтарин масоили ҳуқуқиро тарҳ кардааст.

Аз ин оят истифода мешавад, ки ҷомеаи исломӣ бояд якдигарро дар ҳифзи ҳуқуқӣ ҳимоят кунанд. Зеро ҳар муомилае, ниёз ба котиб ва чанд шоҳид дорад.

Баъзе паёмҳои оят дар тафсири Нур

1- Муддати бедеҳкорӣ, бояд равшан бошад.

2- Барои ҳифзи эътимод ва хушбинӣ ба ҳамдигар ва оромиши рӯҳии тарафайн ва ҷилавгирӣ аз фаромӯшӣ, инкор ва сӯизн, бояд бедеҳиҳо навишта шавад.

3- Барои итминон ва ҳифзи қарордод аз дахлу тасарруфи эҳтимолӣ тарафайн, санад бояд бо ҳузури тарафайн ва тавассути шахси севуме навишта шавад.

captcha