IQNA

Расвоии нави иттилоотии саҳюнистҳо дар ҳодисаи 7 октябр

10:14 - February 05, 2025
рақами хабар: 2839
ИКНА - Бар асоси нашри маълумоти нав дар бораи таҳаррукоти Ҳамос ду ҳафта қабл аз ҳамлаи 7 октябр, бори дигар нотавонии сохторҳои амниятӣ ва ҷосусии режими саҳюнистиро фош кард.

Тибқи гузориши вебгоҳи саҳюнистии “Валла”, ки ба доираҳои амниятии режими Исроил наздик аст, як ҳуҷҷати махфии амниятӣ нишон медиҳад, ки Муҳаммад Зайф, фармондеҳи Қассом, шохаи низомии Ҳамос, рӯзи 23 сентябри соли 2023 дастури комили амалиёти 7 октябрро ба тақрибан 25 фармондеҳи олии Ҳамос ироа кардааст.

Ба гуфтаи ин манбаъ, дар ин дастур тафсилоти дақиқи ҳамла, замони иҷрои он, тарзи тақсимоти қувваҳо ва ҳадафҳои мушаххаси ҳар як воҳид муфассал шарҳ дода шуда буд. Бо вуҷуди он ки ин маълумот дар байни даҳҳо фармондеҳи низомии Ҳамос паҳн шуда буд, ниҳодҳои амниятии саҳюнистӣ натавонистанд аз он огоҳ шаванд.

Нокоромадии ниҳодҳои амниятии Исроил

Бар пояи ин гузориш, рӯзи 27 сентябр, даҳ рӯзи қабл аз амалиёт, дар як нишасти арзёбии вазъият, раҳбарони бахши иттилооти низомӣ ва вазири пешини ҷанги режими саҳюнистӣ иддао доштанд, ки Ҳамос дар пайи як созиши тӯлонии сулҳ бо Исроил мебошад. Ин таҳлил иштибоҳи бузурги амниятӣ буд, ки боиси хунсо нашудани нақшаи ҳамла гардид.

Шабакаи саҳюнистии “Кан” таъкид кардааст, ки Муҳаммад Зайф тарҳрези аслии амалиёти 7 октябр буд, дар ҳоле ки хадамоти ҷосусии режими Исроил ӯро шахси маъюб ва нотавон медонистанд. Бо вуҷуди ин, ӯ тавонист нақшаи мукаммале барои ҳамла таҳия кунад, бидуни он ки хадамоти амниятии режими Исроил иттилои ҳатто кӯчакеро дарёфт кунанд.

Шикасти комил дар дифоъ аз шаҳраки Нир-уз

Шабакаи 12-и телевизиони режими Исроил низ ҷузъиёти наве аз амалиёти 7 октябрро нашр кард, ки нишон медиҳад, чӣ гуна нерӯҳои Ҳамос бидуни тирпарронии зиёд ба шаҳрки саҳюнистии “Нир-уз” ворид шуда, як чоряки аҳолии онро ба асорат гирифта ё куштанд.

Тибқи ин гузориш, нерӯҳои Ҳамос аввал ба мавқеи бригадаи “Голани”, ки масъули ҳифзи шаҳрак буд, ҳамла карданд. Аммо сарбозони саҳюнистӣ ба ҷои муқовимат, дар тарабхонаи пойгоҳ паноҳ бурданд ва ба ҷои дифоъ танҳо дар талоши наҷоти ҷонашон буданд.

Ҳатто дастаҳои вижаи низомии “Сайрет Маткал”, ки ба кӯмак фиристода шуда буданд, ҳангоми ворид шудан ба шаҳрак бо муқовимати муҷоҳидони фаластинӣ рӯбарӯ гаштанд ва маҷбур шуданд роҳашонро тағйир диҳанд.

Нокомии стратегияи низомии режими Исроил

Артиши режими Исроил бо истифода аз нерӯҳои ҳавоӣ талош кард баъзе аз ҷангиёни Ҳамосро, ки бо асирони исроилӣ аз Ғазза бозмегаштанд, ҳадаф қарор диҳад. Ин ҳамлаҳо боиси кушта шудани шумори зиёде аз асирони худи режими Исроил гардид, ки яке аз онҳо ҳамсари “Годӣ Мозес” буд.

Дар натиҷаи ин расвоӣ, як чоряки аҳолии шаҳраки “Нир-уз” ё кушта шуданд ё ба асорат афтоданд, ки шикасти комили низомии режими Исроилро дар муқобили ин амалиёт нишон медиҳад.

Ин таҳаввулоти нав боиси афзоиши интиқодҳо аз мақомоти низомӣ ва ҷосусии режими ҷинояткор ва кӯдаккуши Исроил гардида, собит кард, ки режими палид ва ҷинояткори саҳюнистӣ бо вуҷуди таблиғоти густурдаи амниятии худ, дар муқобили нерӯҳои муҷоҳид ва муборизи Фаластин заъфи шадид дорад.

captcha