
Ба гузориши “ИКНА” ба нақл аз “Араби21” Раҷаб Тайиб Эрдуғон, раисиҷумҳури Туркия шаби гузашта бо поёни муборизоти интихоботии ин кишвар дар масҷиди ҷомеъи “Аё София”и Истамбул бо ҳузури ҳазорон нафар аз шаҳрвандони Туркия намози шом ва хуфтанро иқома кард.
Дар ин маросим раиси парлумон, вазири кишвар ва вазири фарҳанг ва гардишгарии Туркия ва шуморе аз масъулини ҳизби Адолат ва Тавсеа ҳузур доштанд.
Дар клипи видеоӣ, ки дар расонаҳо мунташир шудааст, Эрдуғон, раисиҷумҳури Туркияро дар ҳоли хондани оёти ибтидоӣ сураи Бақара нишон медиҳад дар ҳоле, ки фаъолон дар шабакаҳои иҷтимоӣ клипҳое аз такбири намозгузорон ва истиқболи онҳо аз ин иқдоми Эрдуғонро пахш мекунанд.
Раисиҷумҳури Туркия пас аз иқомаи намоз дар масҷиди ”Аё София” дар суханронии худ дар ҷамъи намозгузорон аз мусулмонон хост ҳамеша даст ба дасти ҳам диҳанд ва аз якдигар ҳимоят кунанд ва бо истинод ба ояти "وَاعْتَصِمُوا بِحَبْلِ اللَّهِ جَمِيعًا" таъкид кард, ки тамоми ҷаҳони Ислом пайрави ҳамбстагии шумо ва он чизе аст, ки бахусус дар Туркия рух медиҳад.
Камол Қиличдороғлу, рақиби аслии Эрдуғон дар интихоботи риёсати ҷумҳурии Туркия низ муборизоти интихоботии худро бо зиёрат аз марқади Мустафо Камол Ататурк, бунёнгузори Туркия ба поён расонд.