IQNA

20:37 - August 12, 2023
рақами хабар: 331
Қуръон чӣ мегӯяд / 54

Ихтиёри сарнавишти зиндагии мо дар дастони кист?

Теҳрон (ИКНА) интихобгарӣ яке аз вижагиҳои инсонҳост. Ҳар интихоб, натиҷаи хосси худро бе думбол дорад, ки Қуръон бо ишора ба ин мавзӯъи муҳими зиндагии инсон, натоиҷе, ки аз рафторҳои ӯ ҳосил мешавадро ба равшанӣ тарсим мекунад.

Ихтиёри сарнавишти зиндагии мо дар дастони кист?

Яке дар ҷавонӣ мемирад, дигарӣ дар айни пирӣ ва куҳансонӣ ба зиндагии худ идома медиҳад. Яке ба ногоҳ дороиҳояшро аз даст медиҳад ва дучори фақр мешавад ва ... Дигарӣ ба ангезаи дидори Худованд, ҷони худро фидо мекунад.

Инҳо намунаҳои бисёр кӯчаке аз ҷанбаҳои зиндагӣ аст, ки ҳамвора инсонро дучори шигифтӣ мекунад ва ӯро бо ин пурсиш рӯ ба рӯ мекунад, ки ихтиёри вуқӯъи ҳар як аз ин рӯйдодҳо дар дастони кист?

Қуръон посухи ин пурсишро ба гуфтори бисёр равшан баён мекунад:

وَمَا كَانَ لِنَفْسٍ أَنْ تَمُوتَ إِلَّا بِإِذْنِ اللَّهِ كِتَابًا مُؤَجَّلًا وَمَنْ يُرِدْ ثَوَابَ الدُّنْيَا نُؤْتِهِ مِنْهَا وَمَنْ يُرِدْ ثَوَابَ الْآخِرَةِ نُؤْتِهِ مِنْهَا وَسَنَجْزِي الشَّاكِرِينَ; “Ҳеҷ кас ҷуз ба фармони Худо наме‏мирад, ин сарнавишти таъйин шудааст. Ҳар кас подоши дунёро бихоҳад (ва дар зиндагии худ дар ин роҳ гом бардорад), чизе аз он ба ӯ хоҳем дод ва ҳаркас подоши охират бихоҳад аз он ба ӯ ме‏диҳем, ва ба зудӣ шокиронро подош хоҳем дод” (Оли Имрон, 145).

Нуктаи бисёр қобили таваҷҷӯҳ ин аст, ки Худованд маргро тақдир медонад, ки ихтиёри он дар дастони Худованд аст, аммо сарнавишт ва саодати инсонро вобаста ба амали инсон муаррифӣ мекунад ва таъкид мекунад, ки одамӣ ҳарчизиро, ки думбол кунад, Худованд онро дар сарнавишти ӯ қарор медиҳад.

Тафаккур дар маънои ин оят ба мо кумак мекунад пурсишҳое, ки дар бораи вуҷуди худ, бо он рӯ ба рӯ ҳастем, посух бигиранд; Инки оё мо дар зиндагӣ соҳиб ихтиёр ҳастем ё афроди дигаре сарнавишти моро таъйин мекунанд.

Паёмҳои ин оят дар тафсири Нур

1- Бо фирор аз ҷанг, наметавон аз марг фирор кард. انْقَلَبْتُمْ عَلى‌ أَعْقابِكُمْ ... ما كانَ لِنَفْسٍ

2- Марг, ба дасти мо нест, وَ ما كانَ لِنَفْسٍ أَنْ تَمُوتَ إِلَّا بِإِذْنِ اللَّهِ вале ирода ва таъйини ҳадаф ба дасти мост. وَ مَنْ يُرِدْ

3- Ҳол, ки дунё ва охират дар баробари мост, масири абдият ва ризои холиқро итихоб кунем. مَنْ يُرِدْ ... نُؤْتِهِ

4- Ҳар навъ ангеза ва амале бозтоб ва аксуламали махсусе дорад. Дар ҳар масире гом наҳем ба мақсади хоссн хоҳем расид. مَنْ يُرِدْ ثَوابَ الدُّنْيا ... وَ مَنْ يُرِدْ

 

captcha