Панҷоҳу чаҳорумин сураи Қуръони Карим “Қамар” ном дорад. Ин сура бо 55 оят дар ҷузъи 27 қарор гирифтааст. “Қамар”, ки ҷузъи сураҳои макӣ аст, сиву ҳафтумин сурае аст, ки бар Паёмбар(с) нозил шудааст.
“Қамар” ба маънои моҳ аст ва дар аввалин ояти ин сура омада ва ба ҳамин далел ба ин ном хонда мешавад. Қамар ба баҳонаи ёдоварии мӯъҷизаи Паёмбар дар ин сура омадааст. Замоне, ки мушрикон аз Паёмбари Ислом(с) хостанд то мӯъҷизае барои нишон додани қудрати Худованд, Паёмбари Ислом(с) бо ишорае моҳро ба ду нем кард. Аз ин мӯъҷиза бо унвони «شق القمر» (шикофта шудани моҳ) ёд мешавад. Ҳарчанд баъд аз ин мӯъҷиза, иддае Паёмбари Ислом(с)-ро ҷодугар ва дурӯғгӯ хонданд.
Мавзӯъи шикофташудани моҳ ва исботи он дар дунёи имрӯз, дар соли 2004 дар китобе тавассути "Зағлул-ан-Наҷҷор" иттифоқ афтод. Дар ин китоб акси мунташир шуд, ки бар асоси он донишмандони фазоии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико гуфта буданд, ки моҳ, хеле вақт пеш ду то шудааст ва шавоҳиди мутмаинне бар рӯи сатҳи моҳ барои исботи ин масъала вуҷуд дорад.
Оёти сураи “Қамар” бештар марбут ба ҳушдор ва таҳдид аст ва аз ақвоми гузаштае сӯҳбат мекунад, ки корҳои нодурусте анҷом медоданд ва дар рӯзи қиёмат ва замоне, ки қарор аст ба аъмоли дунёишон расидагӣ шавад, вазъияти хубе надоранд. Ин ёдоварӣ ҷиҳати панд гирифтан баён шудааст. Ақвоме, ки номашон дар ин сура омада, қавми Од, қавми Самуд, қавми Лут ва қавми Фиръавн аст.
Дар ин сура таъкид шудааст, ки Қуръон аз он ҷиҳат ба сурати содда ва осон баён шуда, ки ҳамаи афрод аз он панд бигиранд. Ин оят чаҳор бор дар ин сура такрор шудааст: وَلَقَدْ يَسَّرْنَا الْقُرْآنَ لِلذِّكْرِ فَهَلْ مِنْ مُدَّكِرٍ: “Ва қатъан Қуръонро барои пандомӯзӣ, осон кардем пас оё пандгирандае ҳаст”. Ин оят 4 бор дар оёти 17, 22, 32 ва 40 омадааст.
Ин сура ҳушдор ва таҳдиде аст барои касоне, ки аз ҳавоҳои нафсонии худ пайравӣ мекунанд, бо инки хабарҳои такон диҳандае аз рӯзи қиёмат ва аз сарнавишти гузаштагон ва оқибати кори онҳо дар дунё ва охират ба онҳо расидааст.
Сипас Худованд ба бархе аз достонҳои гузаштагон ва азобҳои дардноке, ки ба далели такзиби Паёмбарон бар сари онон омада, ишора мекунад.