IQNA

Ҳаҷ дар Қуръон / 1

Ҳаҷ — ҳаққи илоҳӣ бар гардани тавонгарон

16:13 - May 21, 2025
рақами хабар: 3365
ИКНА - Қуръони Карим ҳаҷро яке аз ҳаққҳои Худованд бар инсоният медонад, ки бар гардани касоне аст, ки тавоноии сафар ба хонаи Худоро доранд. Ин фариза на танҳо як амали ибодӣ, балки нишонаи имони ростин шуморида мешавад.

Қуръони Карим дар ояти 97 сураи Оли Имрон мефармояд:

فِيهِ آيَاتٌ بَيِّنَاتٌ مَقَامُ إِبْرَاهِيمَ وَمَنْ دَخَلَهُ كَانَ آمِنًا وَلِلَّهِ عَلَى النَّاسِ حِجُّ الْبَيْتِ مَنِ اسْتَطَاعَ إِلَيْهِ سَبِيلًا ۚ وَمَنْ كَفَرَ فَإِنَّ اللَّهَ غَنِيٌّ عَنِ الْعَالَمِينَ

Ин оят нишон медиҳад, ки анҷоми маросими Ҳаҷ вазифаи илоҳӣ барои афроди тавонманд аст. Вожаи «иститоат» дар ин оят танҳо ба ҷиҳати молӣ маҳдуд намешавад, балки тавоноии ҷисмонӣ, амнияти роҳ, сиҳатӣ ва имкон барои идораи зиндагӣ баъд аз бозгаштро низ фаро мегирад.

Бахши охири оят бо ҷумлаи وَمَنْ کفَرَ فَإِنَّ اللَّهَ غَنِی عَنِ الْعَالَمِینَ ёдовар мешавад, ки тарки қасдии Ҳаҷ навъе аз куфр ва бепарвоӣ нисбат ба фармони Худо маҳсуб мешавад.

Дар ояти Ҳаҷ, тарки Ҳаҷ ба унвони куфр таъбир шудааст. Бархе донишмандон, мафҳуми куфрро дар ин оят барои касе медонанд, ки фарзияти Ҳаҷро инкор кунад ва инро сабаби хориҷ шудан аз Ислом мешуморанд. Аммо дигарон бар ин боваранд, ки тарки Ҳаҷ — ҳатто агар бо инкори фарзияти он ҳам набошад — инсонро аз доираи Ислом хориҷ мекунад. Гурӯҳи дигар бар онанд, ки калимаи «куфр» ҳар навъ мухолифат бо ҳақро дар бар мегирад, ки табақот ва маротиби мухталиф дорад ва ҳар кадом ҳукми худро доранд.

Аз нигоҳи баъзе тафсиргарон, таъбири «оятҳои равшан» ба маънои нишонаҳои ошкори хонаи Худо буда, дар ҳамроҳӣ бо ояти қаблӣ, посухе аст ба яҳудиёне, ки Байтулмуқаддасро аз Каъба бузургтар ва шарифтар медонистанд. Қуръон барои радди ин иддаъо, дар ояти қаблӣ бархе фазилатҳои Каъбаро баршумурда ва дар ин оят низ нишонаҳои равшани онро ёдовар мешавад.

Бархе аз ин нишонаҳои ошкори хонаи Худо тибқи ояти Ҳаҷ иборатанд аз: мақоми Иброҳим, амнияти касоне, ки вориди он мешаванд, ва фарз будани Ҳаҷ бар афроди мустатеъ ва тавонманд.

https://iqna.ir/en/news/3493180

captcha