IQNA

Такрори қуръонсӯзӣ муқобили сафорати Туркия ва Ироқ дар Дания

8:48 - August 14, 2023
рақами хабар: 338
Дания (ИКНА) шуморе аз афроди нажодпараст ва зидди Ислом дар Дания иқдом ба оташ задани Қуръони Карим дар муқобили сафорати Туркия ва Ироқ карданд.

Ба гузориши Мидил Ист Ниюз, аъзои гурӯҳе бо унвон миллигароҳои данияӣ, дирӯз, нусхае аз Қуръони Каримро дар муқобили сафорати Туркия дар Копенгаген оташ заданд.

Аъзои ин гурӯҳ ҳамчунин нусхаи дигаре аз Қуръонро дар муқобили сафорати Ироқ дар Дания ба оташ кашиданд.

Ҳозирони дар ин иқдомот дастнавиштаҳое дар даст доштанд ва шиорҳое алайҳи Ислом сар доданд ва ин саҳнаҳоро дар фазои маҷозӣ аз тариқи пахши мустақим мунташир карданд.

Ин иқдомоти таҳрикомез таҳти ҳимояти полиси Дания анҷом шуд.

Иҳонт ба Қуръони Карим дар Шветсия ва Дания ахиран ташдид шудааст ва гурӯҳи миллигароҳои Данияи ба сурати рӯзона бо такрори сенарияи нажодпарастонаи худ ва ҳимояти полиси ин кишвар ин корро дар муқобили сафоратхонаҳо ва масоҷиди мухталифи ин кишвар такрор мекунанд.

Ин қуръонсӯзиҳо бо вокуниши бисёре аз кишварҳои арабӣ ва исломӣ ҳамроҳ буда; Ин дар ҳоле аст, ки Дания ба ин вокунишҳо бетаваҷҷуҳ буда ва ҳеҷ иқдоми хоссе барои ҳамдардӣ бо мусулмонон ва мумониъат аз такрори қуръонсӯзӣ анҷом намедиҳд.

https://iqna.ir/00HSkL

captcha