IQNA

Нигаронии Дания аз таҳдиди Алқоида дар пайи қуръонсӯзӣ

10:35 - August 16, 2023
рақами хабар: 347
Копенгаген (ИКНА) вазири додгустарии Дания аз ҷиддӣ гирифтани таҳдиди созмони террористии Алқоида барои анҷоми амалиёт дар ин кишвар пас аз беҳурматӣ ба Қурърони Карим, хабар додааст.

Ба гузориши манобеи хабарӣ, Питер Холмгорд, вазири додгустарии Дания тасреҳ кардааст, ки ин кишвар таҳдиди созмони террористии Алқоида ба анҷоми илмёт дар Данияро бисёр ҷиддӣ мегирад.

Рӯзи душанбе гузориш шуд, ки Алқоида зоҳиран мусулмононро ба анҷоми ҳамалоте дар талофии беҳурмати ахир ба Қуръон дар Шветсия ва Дания фарохондааст.

Ожонси иттилооти дохилии Дания пештар таъйид карда буд, ки таҳдиди ҷадиде алайҳи Шветсия ва Дания дар посух ба оташ задани нусхаҳои Қуръон дар ду кишвар вуҷуд дорад. 

Вазири додгустарӣ сӯҳбатҳои худро дар мавриди қасди давлат барои мамнуъияти сӯзондани Қуръони Маҷид муҷаддадан матраҳ кард, аммо мушаххас накард, ки ин иқдомот чӣ хоҳад буд. 

Аз сӯе бархе аз аҳзоби ростгаро манъи беҳурматӣ ба Қуръони Каримро нақзкунандаи озодии баён тавсиф карда ва бо он мухолифат кардаанд.

Дар баёнияи матраҳ шуда, ки дар як веб-сайти наздик ба Алқоида мунташир шуд, омадааст: Аврупо паёми мо дар Чарли Эбдоро ба дурустӣ дарк накард.

Шоёни зикр аст, ки рӯзномаи танзи "Чарли Эбдо" дар соли 2015 пас аз интишори корикотурҳои тавҳиномез ба Паёмбари Ислом (с) ҳадафи ҳамлаи маргбор қарор гирифт ва Алқоида масъулияти ин ҳамларо бар ӯҳда гирифт.

Пас аз беҳурматӣ ба Қуръон дар Шветсия ва Дания эътирозоти густурдае дар саросари ҷаҳон ба вижа кишварҳои исломӣ алайҳи ин иқдоми сурат гирифт. Бо ин ҳол бисёре аз чеҳраҳои исломӣ таъкид кардаанд, ки ин эътирозот набояд ба эъмоли хушунатомез мубаддал шавад чаро, ки дар ин ҳолат, ҳадафи тавҳинкунандагон ба Қуръон, яъне доман задан ба Ислом ҳаросӣ муҳаққақ хоҳад шуд.

https://iqna.ir/00HSwn

captcha