Ба гузориши манобеи хабарӣ, Эдвин Вагенсолд, раиси бахши Ҳолланди ҷунбиши исломҳаросонаи ифротгароёни ростгарои PEGIDA, дар маросиме, ки дар муқобили сафорати Туркия дар Гаага баргузор шуд, як нусхаи аз Қуръонро зери по гузошт ва онро пора кард.
Давлати Ҳолланд пеш аз ин баргузории тазоҳуроти исломҳаросона дар рӯзи ҷумъа қабл аз ин рӯйдодро маҳкум карда буд, аммо эълом кард, ки ҳеҷ ихтиёри қонунии барои ҷилавгирӣ аз он надорад.
Хабарнигорони хабаргузории Фаронса шоҳиди буданд, ки Эдвин Вагенсолд, ки шохаи Ҳолланди гурӯҳи ифротгароёни ростгарои PEGIDA-ро раҳбарӣ мекунад, ба ҳамроҳи ду нафари дигар ба соҳати Қуръон беҳурматӣ карданд.
Полис дастрасӣ ба хиёбонеро, ки сафорати Туркия дар он қарор дорад масдуд карда буд ва ҳудуди панҷоҳ мӯътариз низ дар он ҳузур доштанд. Замоне, ки Эдвин Вагенсолд сафаҳоте аз Қуръонро пора кард, бархе шурӯъ ба партоби санг ба сӯи вай карданд. Ҳудуди 20 полиси муҷаҳҳаз ба сипар ва ботум вориди амал шуданд ва теъдоде аз ҷамъият саъй карданд ҳангоми хурӯҷ ӯро таъқиб кунанд.
Субҳи рӯзи ҷумъа, 18 август Дилан Ешил, вазири додгустарии турктабори Ҳолланд, ҳатки ҳурмати ин китоби муқаддасро бисёр кӯдакона ва беморгуна тавсиф ва иддао кард: қавонини кишвар чунин иқдомеро муҷоз донистааст.
Эдвин Вагенсолд ба далели изҳори назарҳое, ки дар ҷараёни тазоҳуроти мушобеҳе дар январ баён кард бо муҳокима рӯбарӯ мешавад. Дар он замон ӯ дар ҳоле, ки як нусха аз Қуръонро дар муқобили парлумон пора мекард ин китобро ба яке аз осори Адолф Гитлер ташбеҳ кард. Бар рӯи пироҳане, ки ӯ дар тазоҳуроти дирӯз ҷумъа пӯшида буд ҳам матлаби мушобеҳе навишта шуда буд. Гирт Вилдерс, раҳбари ҳизби рости ифротии PVV, паёмеро дар интернит мунташир кард, ки аз тазоҳуроти исломҳаросонаи рӯзи ҷумъаи PEGIDA ҳимоят кард.
Як пажӯҳиш, ки ахиран анҷом шудааст, нишон дод мусулмонони Амстердами Ҳолланд ба таври мураттаб мавриди табъиз қарор мегиранд ва эҳсос мекунанд исломҳаросӣ ба таври физояндае дар ҷомеа одӣ мешавад.
Ширкаткунандагон дар ин пажӯҳиш, мазоҳири табъизи нажодӣ алайҳи мусулмонон дар Амстердам, пойтахти Ҳолланд, монанди душвории ёфтани кор ба далели мазҳабашон, густариши суханони нафратангез дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва истифода аз ановини манфӣ барои занони мӯҳаҷҷабаро баршумурдаанд.
https://iqna.ir/00HT4h