IQNA

Сураҳои Қуръон / 60

Таъкид бар дӯрӣ аз кофирон ва душманони Худо дар сураи Мумтаҳана

10:50 - August 23, 2023
рақами хабар: 367
Теҳрон (ИКНА) душманони дин ҳамеша ба думболи аз байн бурдани дин ва диндорон будаанд; Гоҳе аз ҷанг ва зӯр ва зулм истифода мекунанд ва гоҳе дасти дӯстӣ дароз мекунанд ва талош мекунанд аз ин тариқ мӯъминонро мунҳариф кунанд.

Шастумин сураи Қуръони Карим “Мумтаҳана” ном дорад. Ин сура бо 13 оят дар бисту ҳаштумин ҷузъи Қуръони Карим қарор гирифтааст. “Мумтаҳана”, ки сураи маданӣ аст, дар тартиби нузул, навадуякмин сурае аст, ки бар Паёмбари Ислом (с) нозил шудааст.

Ин сураро “Мумтаҳана” номидаанд; Зеро дар ояти даҳуми он, ба Паёмбар(с) дастур дода шуда то занҳои муҳоҷирро имтиҳон кунад то иллат ва ангезаи тарки шавҳаронашон ва муҳоҷираташон аз Макка ба Мадина маълум шавад.

Пас аз онки Паёмбари Ислом(с) аз Макка ба Мадина муҳоҷират кард, ёрони эшон ва мусулмонон низ ба Макка омаданд. Дар ин миён бархе занон, ки ба Паёмбари Ислом (с) имон оварда буданд низ ба Мадина омаданд. Паёмбари Ислом(с) аз тарафи Худованд дастур дошт то онҳоро дар мавриди ангезаи ин муҳоҷират озмоиш кунад.

Сураи Мумтаҳана дар бораи дӯстии мӯъминон бо куфор сухан мегӯяд ва ба шиддат онро манъ мекунад. Ҳам дар ибтидои сура нисбат ба дӯстӣ бо куффор ҳушдор медиҳад ва ҳам дар охири сура; Дар миёни оёти ин сура низ қавонине дар мавриди занони муҳоҷир ва байъати занон бо Паёмбари Ислом(с) суханоне матраҳ шудааст.

Дар ин сура дӯрӣ кардани Иброҳими Набӣ(а) аз бутпарастӣ ва дархост аз Худо барои бахшиши падараш, Озарро ба унвони намунаое аз дӯрӣ кардан аз куфр матраҳ кардааст.

Мӯҳтавои ин сура таъкид дорад, ки кофирон бо ин ният бо мусулмонон дӯст мешаванд, ки онҳоро аз масири дуруст мунҳариф кунанд ва дар ниҳоят онҳоро ба дини худ бикашонанд. Онҳо ба далели инки ба охират эътиқод ва умеде надоранд, наметавонанд дӯстони хубе барои мӯъминон бошанд.

captcha