IQNA

Поёни мусобиқоти Қуръони Малайзия

20:53 - August 26, 2023
рақами хабар: 376
Малайзия (ИНКА) охирин рӯз аз шасту севумин давраи мусобиқоти байналмилалии Қуръони кишвари Малайзия дар ҳоле баргузор шуд, ки шоҳиди иҷроҳои ончунон қудратманде набудем.

Ба гузориши манобеи хабарӣ охирин рӯз аз шасту севумин давраи мусобиқоти байналмилалии Қуръони кишвари Малайзия субҳ бо баргузории рақобатҳо дар риштаи ҳифзи кул оғоз шуд ва дар навбати аср бо баргузории рақобат дар риштаи қироати таҳқиқ дар бахши поёнии ин мусобиқот идома ёфт. 

Аввалин нафар дар сафи тиловат, Дониёл Муҳаммад Ҳабиб Муҷиб, қории Индонезия буд, ки тиловат кунад ва нисбатан заифе дошт ва онтавр, ки бояд зоҳир нашуд.

Баъд аз он Муҳаммадҳасан Ҳасанзода, қории кишвари Афғонистон ба тиловат пардохт. Ҳасанзода мутаваллиди Афғонистон ва бузург шудаи Эрон аст.

Муҳаммад Шарафуддин аз Сингапур, қории дигари ин мусобиқот буд, ки вай низ тиловати муваффақеро иҷро накард.

Бар асоси гузориши ИКНА дар идомаи мусобиқоти ин рӯз навбат ба Аҳмад Солим, қории кишвари Танзания расид, ки вай низ тиловати нисбатан хубе дошт ва ба лиҳози савтӣ мавриди ташвеқ мустамиъин дар ҷаласа қарор гирифт.

Ба гузориши ИКНА, тиловатҳои ин рӯз аз мусобиқот бо иҷрои Ҷасур ибни Файзуллоҳ аз Узбакистон идома пайдо кард. Вай низ тиловати маъмулӣ ва хурӯҷҳои мутааддиде дошт ва аз назари фаннӣ тиловати ончунон, ки бояд надурахшид.

Дар идомаи рӯзи поёнии шасту севумин давраи мусобиқоти байналмилалии Қуръон кишвари Малайзия, охирин тиловатро Муҳаммад Умар аз кишвари Покистон анҷом дод. Ин қорӣ низ тиловати нисбатан хубе дошт ва иҷрои бо тасаллуте дошт, аммо мушкилоти таҷвидӣ низ дар қироати вай машҳӯд буд.

Охирин рӯз аз шасту севумин давраи мусобиқоти байналмилалии Қуръони кишвари Малайзия. Рӯзи чаҳоршанбе , аввали мурдодмоҳ поён ёфт.

https://iqna.ir/fa/news/4164577

captcha