IQNA

Ибтикори як шаҳрдорӣ дар Туркия барои ташвиқи кӯдакон ба намоз + акс

22:22 - August 26, 2023
рақами хабар: 380
Туркия (ИКНА) шаҳрдори шаҳри Ҷаник дар Туркия, бо иҷрои як тарҳи ибтикорӣ кӯдаконро ба ҳузур дар масҷид ва иқомаи намоз ташвиқ кардааст.

Ба гузориши манобеи хабарӣ ба нақл аз Алҷазира, дар ин тарҳ, ки "бачаҳо ба масҷид биравем, хуш бошем ва бозӣ кунем" ном дорад, шаҳрдорӣ ба кӯдаконе, ки ба муддати 30 рӯз дар масҷид ҳузур ёфта ва ба иқомаи намоз пардохтаанд, ҳадоёе аз ҷумла дучарха додааст.

Шаҳрдори Ҷаник бо интишори тасовире аз маросими эҳдои ин ҷавоиз хабар додааст , ки дар қолаби он, 1160 дучарха ба кӯдакон эҳдо шудааст.

Садҳо кӯдак ба ҳамроҳи хонаводаҳои худ дар маросими тавзеъи ҳадоё дар майдони Аднан Мандерес дар шаҳри Ҷаник ширкат карданд. Тасовири интишор ёфта аз ин маросим, гӯёи шодии зиёди кӯдакон аз дарёфти ин ҳадоё аст.

Шаҳрдори Ҷаник низ бо интишори Твите дар ҳисоби расмии худ дар шабакаи иҷтимоӣ Икс эълом кард: кӯдакони мо дар қолаби ин тарҳ дар масоҷиди минтақа ҳузур ёфтанд ва дар намозҳои панҷгонаи масоҷид ҳузури фаъол доштанд ва мо низ барои ташвиқи ин кӯдакон, ҳадоёеро ба онҳо тақдим кардем.

Ба гуфтаи Иброҳим Сандуқчӣ, шаҳрдори шаҳри Ҷаник, дар қолаби ин тарҳ талош шудааст то дигар арзишҳои ахлоқӣ аз ҷумла назм, масъулиятпазирӣ ва худ инзиботӣ низ дар кӯдакон тақвият шавад.

Шаҳри Ҷаник дар шимоли Туркия ва дар канори Самсон, бандари машҳури Туркия дар каронаи дарёи Сиёҳ воқеъ шудааст.

 

 

https://iqna.ir/fa/news/4165001

captcha