IQNA

Саховат ва хушмуомилагӣ — ду хислати бузурги Паёмбар(с) дар оғози ислом

16:49 - September 12, 2025
рақами хабар: 3858
Паёмбари акрам(с) ба саховат ва дасткушодагӣ машҳур буданд. Чунон ки Қуръон таълим медиҳад, бояд бо душман ҳам бо насиҳати нек бархӯрд кард ва бо фурӯтанӣ рафтор намуд.

Хушахлоқӣ ва меҳрубонии Паёмбар(с) дар даврони аввали Ислом ҳам барои мардумони оддӣ ва ҳам барои хосон ошкору равшан буд.

Ба гузориши ИКНО, вебинари байналмилалии «15 қарн пайравӣ аз Паёмбари нур ва раҳмат», ба муносибати 1500-солагии мавлуди Паёмбар Муҳаммади Мустафо(с) ва ҳафтаи ваҳдат, аз тарафи хабаргузории байналмилалии Қуръон рӯзи сешанбеи 18-уми Шаҳривар баргузор шуд.

Аз ҷумлаи меҳварҳое, ки дар ин вебинар мавриди баҳс қарор гирифтанд, чунин буданд:

Рисолати ҷаҳонии Паёмбари Ислом(с) аз нигоҳи Қуръон ва аҳодис

Раҳм, гузашт ва таҳаммул дар сираи Паёмбар(с)

Паёмбари акрам(с) — намунаи нек барои ҳама давру замонҳо

Сираи Паёмбар(с) ва шинохти ҳувияти динии мусалмонон

Боқимондагӣ ва пойдории Ислом ва уммати воҳид дар муқобили ғояи ҷаҳонисозии Ғарб

Мазмуни суханронии профессор Хуан Коул:

Асри шуморо ба хайр.

Ман Хуан Коул ҳастам, омӯзгори таърих дар Донишгоҳи Мичиган. Имрӯз мехоҳам дар бораи Паёмбари Ислом(с) ва мавзӯи таҳаммул, меҳрубонӣ ва ахлоқи неки Ӯ сӯҳбат кунам — хислатҳое, ки ҳамаи мусалмонон бо номи Ӯ мешиносанд.

Аммо дар Ғарб, мутаассифона, гоҳе Паёмбар(с)-ро ба ном хуб намешиносанд ва ҳатто бадном мекунанд. Ва то ҳадде, дар ҷомеаҳои ғарбӣ, хислатҳои меҳрубонӣ, раҳм ва ахлоқи неки Ӯ камтар матраҳ аст.

Аммо шоҳидҳои зиёд дар Қуръон вуҷуд дорад — китобе ки мусалмонон онро сухани Худо медонанд, ва он тавассути Паёмбар(с) нозил шудааст. Бисёре аз ин оятҳо шахсан ба Паёмбар(с) муроҷиат мекунад ва хислатҳои Ӯро тавсиф менамояд.

Мисол, дар сураи Анбиё, ояти 107, Худо мегӯяд:

وَمَا أَرْسَلْنَاكَ إِلَّا رَحْمَةً لِلْعَالَمِينَ
(Мо туро нафиристодем ҷуз ба унвони раҳмате барои тамоми ҷаҳонҳо.)

Ба назари ман, ин оят нишон медиҳад, ки Қуръон — яъне овози Худо — Паёмбар(с)-ро чӣ гуна шахсият медонад.

Бисёре аз оятҳои Қуръон ба ҷомеаи аввалияи ислом — Мекка ва атрофи он — муроҷиат мекунанд ва дар онҳо таъкиди сахт ба таҳаммул ва фурӯтанӣ дида мешавад.

Яке аз онҳо дар сураи Фурқон, ояти 63 аст:

«Ва бандагони Худои Раҳмон ононанд, ки бо фурӯтанӣ бар рӯи замин мегарданд, ва вақте нодонҳо бо онҳо бо забони бад сухан гӯянд, онҳо бо калимаи ‘Салом’ посух медиҳанд.»

Дар ҷаҳони қадим, калимаи «Салом» як дуо буд — яъне орзӯи оромӣ, осоиш ва амният барои дигарон. На танҳо сулҳ, балки амонӣ аз ранҷу бало ва сахтиҳои зиндагӣ.

Ин оят мусалмононро ташвиқ мекунад, ки вақте шахсони ҷаҳлкор ё ситезаҷӯ онҳоро озор медиҳанд, посухи зишт надиҳанд, балки бо «Салом» — яъне орзуи амонӣ ва оромӣ — баргардонанд.

Қуръон ин шахсонро «ҷоҳил» мехонад — яъне онҳое, ки хештандорӣ надоранд ва бо ситеза, масхара ва таҳқир ба дигарон муносибат мекунанд. Инҳо касоне буданд, ки мусалмононро масхара мекарданд ва онҳоро озор медоданд.

Савол ин буд: дар ҷомеаи навтаъсиси Ислом дар Макка, бо чунин одамон чӣ бояд кард?

Ҷавоби Қуръон: Ба онҳо "Салом" гӯед.

Оят ва мазмуни дигари барҷаста аз Қуръон:

Дар сураи Рум, ояти 22 чунин мефармояд:

«Ва аз нишонаҳои Худо ин аст, ки осмонҳо ва заминро офарид ва забонҳо ва рангҳои гуногуни шуморо ба вуҷуд овард. Ва дар ин аломатҳое барои донишмандон ҳаст.»

Дар даврони бостон, тафриқа ва табъиз бар асоси ранги пӯст ё забон вуҷуд дошт. Масалан, табиби маъруфи бостонӣ — Ҷолинус — гуфта буд, ки пӯсти сиёҳ нишонаи поёнӣ будан аст.

Ман намегӯям ҳамаи одамон чунин фикр мекарданд, вале таҳқир ва табъиз вуҷуд дошт.

Аммо Қуръон дар ҳамин оят, ки тавассути Паёмбар(с) расонида шудааст, ақидаеро баён мекунад, ки ба куллӣ баръакси ин аст — он мегӯяд гуногунрангӣ ва гуногунзабонӣ нишонаи қудрати Худо ва ояти Илоҳист.

код

4303773

captcha