IQNA

16:07 - May 27, 2023
рақами хабар: 39

Ифтитоҳи бузургтарин масҷид дар Тоҷикистон

Як расонаи тоҷикӣ бо истинод ба манбаи худ эълон кард, бузургтарин масҷиди Тоҷикистон, ки бо сармоягузории Қатар дар шаҳри Душанбе бунёд шудааст, 8 июн бо мушорикати сарони ду кишвар ифтитоҳ мешавад.

Ифтитоҳи бузургтарин масҷид дар Тоҷикистон

Бар асоси ин гузориш, шайх “Тамим бин Ҳамд оли Сонӣ”, амири Қатар дар чорчӯби як сафари расмӣ дар даҳаи аввали июн вориди Душанбе пойтахти Тоҷикистон мешавад.

Дар чорчӯби ин сафар, ба эҳтимоли зиёд муаррихи 8 июн раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон  ва амири Қатар масҷиди мазкурро ифтитоҳ ва мавриди баҳрабардорӣ қарор медиҳанд.

Бар асоси иттилооти ироашуда, дар ин масҷид, ки сохти он октябри соли 2011 шуруъ шуд ва 8 сол идома ёфт, беш аз 100 ҳазор нафар метавонанд ҳамзамон намоз бихонанд.

Масҷиди бузурги ҷомеи Душанбе яке аз бузургтарин масҷидҳои минтақа мешавад, ки ҳудуди 100 ҳазор нафарро дар як вақт ҷой медиҳад. Ҳазинаи сохтмони масҷид ҳудуди 100 милён доллар арзёбӣ мешуд, ки Қатар ҳудуди 70 миллион долларашро саҳмгузорӣ кардааст.

Он дар майдони 12 гектар замин ҷойгир шуда, аз биною мавзеъҳои намозхонӣ, китобхона, осорхона, толорҳои маҷлисӣ ва қабули меҳмонон барои мулоқоту гуфтушунидҳо иборат мебошад.

Ин масҷиди бузург бо назардошти унсурҳои бостонию муосири санъати меъмории мардуми тоҷик ва ҷаҳонӣ бунёд гардида, аз 4 манораи баландиаш 75-метрӣ ва гумбази 47-метрӣ иборат мебошад.

https://tajikpress.com/2023/05/27/8

captcha