
Ба гузориши ИҚНО, Осорхонаи Бузурги Миср, ки дар наздикии аҳроми сегонаи Гиза воқеъ аст, баъди 20 соли интизорӣ ва чанд маротиба таъхир, шоми шанбе, 10-уми обон, расман ифтитоҳ ёфт.
Ин як лоиҳаи бисёркалон аст, ки арзишаш ба миллиардҳо доллар мерасад ва мақсад дорад шукӯҳи фиръавниёнро нишон диҳад ва нафаси тоза ба соҳаи сайёҳии кишвар бахшад.
Мустафо Мадбулӣ, нахуствазири Миср, гуфт: амалӣ шудани ин лоиҳа як орзӯе буд, ки ба воқеият табдил ёфт.
Осорхонаи Бузурги Миср зиёда аз сад ҳазор осори бостонӣ дорад, ки ҳафт ҳазор соли таърихи Мисрро дарбар мегирад.
Дар инҷо тамоми ашёи ёфтшуда аз қабри Тутанхамун, подшоҳи ҷавони Миср, барои аввалин бор баъди зиёда аз як аср, якҷо ба намоиш гузошта шудаанд.
Аҳмад Таййиб, шайхи Алазҳар, ин осорхонаеро “як бинои тамаддунӣ” хонд, ки ҷойгоҳи вижаи Мисрро дар тамаддуни башарӣ дар тӯли асрҳо нишон медиҳад.
Ӯ гуфт, ин осорхона — ба иродаи Худо — ҳамеша чароғе хоҳад буд аз мерос, фарҳанг, тамаддун ва инсоният.
Шайх Таййиб кӯшиши ҳукумати Мисрро барои ҳифзи мерос, таҳкими ҳисси ватанпарастӣ ва парвариши завқи зебоӣ дар дили насли ҷавон ситоиш кард.
Шайхи Алазҳар гуфт:
«Дар ин рӯзи муборак, Алазҳар бори дигар таъкид мекунад ба он чизе ки дар изҳороти анҷумани ҷаҳонии худ дар бораи навсозии андешаи исломӣ гуфта буд:
нигоҳ доштани мерос ва осори бостонӣ як вазифаи динӣ ва инсониист.
Ислом мардумро ба ҳифзи осори ободӣ ва пешрафт дар замин фаро хондааст.
Ин ёдгориҳо мероси фарҳангии миллатҳо ва тамаддунҳоянд, ки таърихи онҳо ва роҳашонро нишон медиҳанд.
Ҳуҷум кардан ба онҳо ё иваз кардани моҳияти аслии онҳо ҷоиз нест, балки бояд онҳоро ҳамчун шоҳиди зиндаи таърихи миллатҳо ҳифз кард.»
Усома Алазҳарӣ, вазири авқофи Миср, низ гуфт: тамаддуни Мисри Қадим, ба фарқ аз он чӣ баъзеҳо мегӯянд, тамаддуни буту санг набуд,
балки тамаддуни имон ва виҷдони зинда буд.
Ӯ илова кард: вақте мисриён маъбадҳоро месохтанду қабрҳоро меофариданд,
ба зиндагии баъди марг ва ба ин бовар доштанд, ки амали нек, адолат ва ростӣ калидҳои ҷовидонӣ ва ҳаёти абадӣ ҳастанд.
Усома Алазҳарӣ гуфт, ифтитоҳи Осорхонаи Бузурги Миср як ҳодисаи истисноӣ аст, ки рӯҳи ҷовидонаи Мисрро ба шуури башар бармегардонад
ва сарзамини Кинона (Миср) — ро ба як маркази ҷаҳонӣ барои зебоӣ, эҷод ва нури тамаддун табдил медиҳад.
Ӯ афзуд, таваҷҷуҳи давлати Миср ба ҳифзи мероси фарҳангӣ ва инсонӣ, идомаи паёми пайғамбарон аст —
паёми обод кардани замин ва тарғиби арзишҳои зебоӣ ва ватанпарастӣ.
Ӯ ояти Қуръонро иқтибос кард:
«Ҳува аншаакум мина-л-арзи ва-стаъмаракум фиҳо…»
Яъне: «Ӯ шуморо аз замин падид овард ва дар он шуморо иқомат дод; пас, аз Ӯ омурзиш талаб кунед ва ба сӯи Ӯ бозгардед, зеро Парвардигори ман наздик ва иҷобаткунада аст» (сураи Ҳуд, ояти 61).
Ӯ гуфт, Осорхонаи Бузурги Миср танҳо аз сангу девор нест — ин хотираи як миллат ва рӯҳи як тамаддун аст.
Салама Ҷумъа Давуд, раиси Донишгоҳи Алазҳар, аз ин рӯйдоди бузург изҳори хушнудӣ кард,
ки таваҷҷуҳи ҷаҳониёнро ба худ ҷалб намуд ва 79 ҳайати расмӣ аз кишварҳои гуногун дар маросими ифтитоҳ ширкат доштанд.
Ба гуфтаи масъулони мисрӣ, осорхона аз сешанбе, 4 ноябр (13 обон) ба рӯи мардум боз хоҳад шуд.
4314156