
Ба гузориши ИҚНО бо истинод ба АР ТИ, масъулони амниятии Рузаи Шариф бо эълони ин хабар гуфтанд, ки заминларзаи субҳи имрӯз боиси рехтани бахше аз намоиши берунӣ ё Масҷиди Кабуд шуда аст. Ба гуфтаи онҳо, бахше аз калиҳо ва минорҳои Рузаи Шариф рехтаанд.
Бар асоси ин гузориш, дохили гомб ва сутунҳои асосии Рузаи Шариф осеб надида ва саломат аст, аммо лозим аст, ки коршиносони соҳа таҳқиқоти махсуси худро гузаронанд.
Раёсати тандурусти маҳаллӣ имрӯз гузориш дод, ки дар заминларзаи 6,3 бал, ки субҳи душанбеи имрӯз шаҳри Мазори Шарифро, ки аз бузургтарин шаҳрҳои Афғонистон аст, ларзонд, ҳафт нафар ҷони худро аз даст дода ва 150 нафар дигар маҷрӯҳ шуданд.
Маркази зерзаниши Европо-Миёнаи Замини, ки системаи худкори иттилоотӣ оид ба таъсироти заминларза пешниҳод мекунад, ҳушдори "наранҷӣ"-ро эълон кард, ки нишондиҳандаи эҳтимоли талафоти назаррас ва фоҷиаи васеътари он аст.
Рузаи Муборак Ҳазрати Али (а), ки бо номи Масҷиди Кабуд ё Рузаи Шариф ё Зиёрати Али ва Зиёрати Сахӣ дар Мазори Шариф, шимоли вилояти Балх, Афғонистон ҷойгир аст, як аз муҳимтарин ёдгориҳои таърихии Афғонистон ва маркази таҷлил аз Иди Наврӯз дар шимоли Афғонистон мебошад.
4314408