Ҷалолуддини Муҳаммади Балхӣ (604–672 ҳ.қ.), ориф ва шоири бузурги асри 7, шахсияти худро дар пайи муҳоҷират ва таълимот шакл дод — шахсияте, ки андешааш саросари ҷаҳонро фаро гирифт. Ин саёҳати фикрӣ аз муҳоҷирати падараш — Султонул-уламо Баҳоуддини Валад, аз Балх ба Осиёи Хурд дар соли 610 ҳиҷрии қамарӣ оғоз шуд.
Мавлоно дар ҳамон сарзамин, аввал таҳти тарбияи падар, ва баъд аз он назди Бурҳониддини Муҳаққиқи Тирмизӣ таълим гирифт.
Аммо нуқтаи гардиши зиндагии ӯ, мулоқот бо Шамси Табрезӣ буд — як вохӯрие, ки тағйири бузурге дар Мавлоно ба вуҷуд овард. Ваъизу мударриси собиқ, минбарро канор гузошт ва ба самоъу вуҷд (ҳолати рӯҳонии ишқ) рӯй овард. Ин тағйир оғози марҳилаи наве дар зиндагии ӯ гардид, ки бо ҳамроҳии муридоне мисли Салоҳуддини Заркуб ва баъдтар Ҳусомуддин Чалбӣ идома ёфт.
Ҳусомуддин буд, ки аз Мавлоно хост, то "Маснавӣ" — бузургтарин асари ирфонӣ ва ахлоқии худро бинависад ва ба инсоният тақдим намояд.
Дар миёни осори боқимонда аз Мавлоно, "Маснавии маънавӣ" ҷойгоҳи беназире дорад. Ӯ дар ин асар хонандаи оддӣ ва донишманд-ро бо худ ба сафари рӯҳонӣ ва фикрӣ мебарад.
Мавлоно, ки дар соябони Қуръон ва Ислом парвариш ёфта буд, ҳадафи аслии худро таблиғи дини Ислом ва аҳкоми зиндагӣ, бо забоне ширин, адабӣ ва равон қарор додааст. Тарбият ва омӯзиш тавассути тамсил ва ҳикоя, яке аз усулҳои тарбиявии ӯст.
Бунёди фикрӣ ва асоси зеҳнии Мавлоно, аз таълимоти пок ва аслии Қуръон ва суннати динӣ реша мегирад. Аммо чизе, ки ӯро аз дигарон фарқ мекунад, дарки амиқи зарурати “тағйири нигоҳ” аст — махсусан дар замоне, ки зиндагӣ мекард.
Мавлоно ба ин фаҳмиш расида буд, ки ҳатто Ислом, ба унвони охирин ва муқаддастарин паёми осмонӣ, бояд бо нигоҳи нав, зинда ва мувофиқ ба сатҳи шуур ва дарки замон, баррасӣ шавад. Ӯ таълимоти худро ба гунае пешниҳод кард, ки дар дилҳо ҷо бигирад ва таъсираш пойдор монад.
Мафҳумҳое мисли:
ҳамзистии осоишта,
меҳру муҳаббат ва латофат,
баробарӣ ва бародарӣ —
ки имрӯзҳо бо истилоҳоти «гуфтугӯи адён» ва «ҳамбастагии инсонӣ» ёд мешаванд, дар тамоми таълимоти Мавлоно бо шаклҳо ва забонҳои гуногун, бо истифода аз тамсилу ҳикояҳои равшан ва фаҳмо, ифода ёфтаанд.
Мавлоно ин мафҳумҳои баландаро бо эҷодиёти шоирона ва истеъдоди забонии хосси худ омехта кард, то таъсиргузориву пойдории онҳо бештар шавад.
4307966