IQNA

Сураҳои Қуръон/64

Тавсифи рӯзе, ки пушаймонӣ фоидае надорад

8:11 - August 31, 2023
рақами хабар: 395
Гоҳе бо анҷоми баъзе корҳо, хеле зуд пушаймон мешавем ва талош мекунем иштибоҳи худро ҷуброн кунем, аммо рӯзе фарохоҳад расид, ки пушаймон шудан аз рафторҳоямон фоидае нахоҳад дошт ва иштибоҳотамон қобили ҷуброн нест.

64-умин сураи Қуръони Карим “Тағобун” ном дорад. Ин сура бо 18 оят дар ҷузъи 28-уми Қуръони Карим ҷой гирифтааст. Ин сура, ки маданӣ аст, дар тартиби нузул, 110-умин сураест, ки бар Паёмбари Ислом (с) нозил шудааст.

Ин сураро ба он далел “тағобун” меноманд, ки дар ояти 9-уми он, рӯзи қиёмат, рӯзи тағобун номида шудааст. Тағобун ба маънои нотавонӣ ва пушаймонӣ аз коре аст. Явмат-тағобун яъне рӯзе, ки инсонҳо аз корҳое, ки дар зиндагӣ анҷом дода ва ба зарарашон аст, пушаймон мешаванд.

Аз ҷумлаи аҳдофи сураи Тағобун, ёдоварии тавҳид, ёдоварии маъод ва ҳушдор ба инсонҳо барои истифода аз фурсатҳоест, ки дар ин дунё барои корҳои хуб дар ихтиёр доранд.

Муҳимтарин мавзӯъоте, ки дар ин сура матраҳ шуда баҳс дар бораи маъод, масаълаи офариниши инсон ва чанд дастури ахлоқӣ ва иҷтимоӣ монанди таваккул ба Худо, писандидагии қарз додан ва парҳез аз хасисӣ мебошад.

Оғози сура ба баёни сифоти Худованд мепардозад ва ба дунболи он, бо истифода аз илми Худованд, ба мардум ҳушдор медиҳад, ки муроқиби аъмоли пинҳону ошкори худ бошанд ва сарнавишти мардумони пешинро фаромӯш накунанд. Дар бахши дигаре аз сура, ба маъоду охирату вижагиҳои он ишора мекунад. Яке аз вижагиҳои ин рӯз, гуруҳе нисбат ба аъмоли дунёии худ пушаймон ҳастанд.

Дастур ба итоати Худо ва Паёмбари Худо (с) ва таъкид бар асли паёмбарӣ аз дигар мавзӯъоти ин сурааст. Охирин бахши сура низ мардумро ба бахшиш дар роҳи Худо ташвиқ мекунад ва ҳушдор медиҳад, ки бо амволу авлоду ҳамсарон фиреб нахуред. Дар ин сура амвол, фарзандону ҳамсар василаи озмоиши инсон дар дунё унвон шудааст.

Бархе бо тавваҷуҳ ба ин оятҳо тасаввур мекунанд бояд аз ин фиребҳову озмоишҳои илоҳии дунёӣ фосила бигиранд, аммо тибқи ончи дар китобҳои тафсирӣ омада, имтиҳон дар ҳаққи ҳама ҳатмӣ ва қатъӣ аст ва роҳи фироре нест, аммо бояд муроқиб буд ва аз шикаст дар имтиҳонҳову гумроҳиҳои эҳтимолӣ ба Худованд паноҳ бурд.

Калидвожаҳо: Сураҳои Қуръон, 114, Сураи Тағобун, Роҳи ҷуброни иштибоҳот, дунёи баъд аз марг

captcha