
Дар сураи муборакаи Муддассир, вақте ки байни биҳиштиву дӯзахиён суолоту ҷавобҳо меравад, яке аз сабабҳои дӯзахӣ шудан, нақзи ғизо додан ба ниёзмандон зикр шудааст:
«مَا سَلَكَكُمْ فِي سَقَرَ * قَالُوا لَمْ نَكُ مِنَ الْمُصَلِّينَ * وَلَمْ نَكُ نُطْعِمُ الْمِسْكِينَ * وَكُنَّا نَخُوضُ مَعَ الْخَائِضِينَ * وَكُنَّا نُكَذِّبُ بِيَوْمِ الدِّينِ»
(Муддассир: 42–46).
Ин масъала танҳо ба охират марбут нест. Дар сураи Фаҷр низ яке аз сабабҳои пастӣ ва дурӣ аз раҳмати Худо дар дунё, эҳтиром накардани ятимон ва ташвиқу ҳамкорӣ барои ғизо додан ба мискинон зикр шудааст:
«وَأَمَّا إِذَا مَا ابْتَلَاهُ فَقَدَرَ عَلَيْهِ رِزْقَهُ فَيَقُولُ رَبِّي أَهَانَنِ * كَلَّا بَلْ لَا تُكْرِمُونَ الْيَتِيمَ * وَلَا تَحَاضُّونَ عَلَى طَعَامِ الْمِسْكِينِ»
(Фаҷр: 16–18).
Дар ибораи «эҳтиром кардан ба ятим» чанд нукта пинҳон аст. Аввалан, муҳимтар аз ҷисми ятим, рӯҳи ӯст, ки бояд гиромӣ дошта шавад. Ба ибораи дигар, интизори аввалини ятимон эҳтироми шахсияти онҳо мебошад. Эҳтироми Худо нисбати инсон бояд сабаби эҳтироми ятимон гардад. Калимаи «ташвиқ кардан» маънои ҳамдигарро водор кардани якдигарро дорад. Яъне танҳо ғизо додан ба мискинон кофӣ нест, балки бояд ҳамдигарро ба ин амал ташвиқ карда, дар ҳамкориву кӯмак ширкат варзид. Аз ин рӯ, ҳамкорӣ дар эҳтироми ятим ва некӯкорӣ ба дигарон дар ризқу рӯзӣ ва қадру эҳтироми инсон нақши муҳим дорад.
Дар мероси Қуръон ва суннат, бо таъкид бар ҳамкорӣ ва кӯмак дар бартараф кардани мушкилоти иҷтимоӣ ва иқтисодии фақирон ва маҳрумон, ба баъзе асосҳои фалсафӣ мисли мансуб будани молу доро ба ҷомеа, эътиқод ба ҳаққи ҳамаи одамон дар сарватҳои табиӣ, бародарии исломӣ ва иштироки фақирон дар моликияти сарватмандон ишора шудааст.
Дар ёддоштҳои баъдӣ ба баъзе асосҳои ҳамкорӣ ишора мешавад.
3495043