
Ба гузориши “Ал-Ҷазира”, дар даври пешакии мусобиқаҳои қаҳрамонии Аврупо оид ба ҳандбол, дастаи занони Испания ҳангоми бозӣ бо дастаи режими саҳюнистӣ усули ҷолиби наверо барои изҳори ҳамраъйии худ бо Фаластин истифода бурд.
Бозингарони ин даста барчаспҳои тарҳи тарбуз-ро болои пойафзолҳои худ часпонда буданд — ки рамзи парчами Фаластин ба ҳисоб меравад.
Паула Акуроз, яке аз бозингарони даста, дар саҳифаи Инстаграми худ навишт:
“Он чизе ки берун аз майдон мегузарад, наметавонад нодида гирифта шавад.”
Вай таъкид кард, ки бо мардуми Фаластин, ки зери хатари қатли ом қарор доранд ва дар ҷанги Ғазза беш аз 68 ҳазор нафар ҷони худро аз даст дода, хонаҳояшон вайрон шудаанд, ҳамдард аст.
Бар асоси эълони Федератсияи ҳандболи Аврупо, дастаи Испания баъд аз ба ҳадаф расонидани 38 гол дар муқобили 22 голи дастаи саҳюнистӣ, пирӯз гардид.
Гуфтанист, ки дастаҳои варзишии режими саҳюнистӣ ҳангоми иштирок дар мусобиқаҳои варзишии Аврупо, аз ҷумла футбол, бо эътирозҳои зиёд рӯбарӯ мешаванд.
Клуби “Астон Вилла”-и Англия ҳафтаи гузашта эълон кард, ки ҳаводорони дастаи “Маккоби Тел-Авив” иҷозаи ҳузур дар бозии Лигаи Аврупо рӯзи 6 ноябр-ро нахоҳанд дошт, зеро полис аз эҳтимоли эътирозҳои тарафдорони Фаластин изҳори нигаронӣ кардааст.
Ин қарор баъд аз эътирозҳои густурда дар бозии пешакии Ҷоми Ҷаҳон байни дастаи режими саҳюнистӣ бо Норвегия ва Италия, инчунин тазоҳурот дар шаҳрҳои Осло ва Удинезе (Италия) алайҳи ҷиноятҳои Исроил дар навори Ғазза қабул шуд.
Сарвазири Испания, Педро Санчес, дар изҳороти охири худ зарурати пайгирии ҷиноятҳои содиршуда аз ҷониби режими саҳюнистиро дар қатли омми Ғазза таъкид кард.
Дар пайи ин изҳорот, Ҳуҷҷат-ул-ислом Муҳаммад Маҳдӣ Имонипур, раиси Созмони фарҳанг ва иртибототи исломӣ, дар шабакаи “Х” (X) навишт:
“Маҳз дар вақте ки Амрико ва кишварҳои аврупоӣ бо таблиғоти худ мекӯшанд ҷинояти ошкори қатли омми режими саҳюнистӣ бар зидди 70 ҳазор фаластинӣ дар Ғаззаро пинҳон кунанд, мавқеи ҷаноби Педро Санчес — дар бораи зарурати баррасии ин ҷинояти бузурги инсониву таърихӣ — бисёр арзишманд аст. Барои саҳюнистҳо ва Амрико роҳи гурез аз ҷазои ҷинояти бузурги қатли ом дар Ғазза вуҷуд надорад.”
4312068