IQNA

Бо эълони номҳои беҳтарин қориён ва ҳофизон

Маросими поёни мусобиқаҳои умумиқуръонии кишвар пагоҳ дар Санандҷ баргузор мешавад

16:28 - October 26, 2025
рақами хабар: 4042
Маросими хотимавии 48-умин даври мусобиқаҳои умумиқуръонии Қуръони Карим, ки аз тарафи Созмони авқоф ва умури хайриявӣ баргузор мегардад ва аз 26 меҳр (17 октябр) бо мизбонии устони Курдистон идома дорад, пагоҳ, душанбе, 5-уми обон (27 октябр) дар шаҳри Санандҷ баргузор хоҳад шуд.

Ба гузориши ИҚНО, пагоҳ — душанбе, 5 обон (27 октябр), ҳамзамон бо солрӯзи мавлуди ҳазрати Зайнаб (с) ва ҷашни Рӯзи ҳамшира, 48-умин даври мусобиқаҳои умумиқуръонии Қуръони Карим, ки аз тарафи Маркази умури Қуръонии Созмони авқоф ва умури хайриявӣ баргузор мешуд, ба кори худ поён медиҳад.

Маросими хотимавии ин мусобиқаҳо тибқи барномаи эълоншуда, аз соати 15:00, бо ҳузури
Сайид Аббос Солеҳӣ — вазири фарҳанг ва иршоди исломӣ ва
Ҳуҷҷатул ислом валмуслимин Сайид Маҳдӣ Хомӯшӣ — раиси Созмони авқоф ва умури хайриявӣ,
дар толори Фаҷр дар шаҳри Санандҷ баргузор мешавад.

Ин даври мусобиқа бо ширкати 330 иштирокчии мард ва зан дар 10 бахши рақобатӣ, аз 26 меҳр (17 октябр) оғоз ёфта буд. Дар ҷараёни он, мардон дар толори Фаҷр ва занон дар толори Сулаймон Хотир ба рақобат пардохтанд.

Дар канори ин мусобиқа, 120 маҳфили унс бо Қуръон низ бо ҳузури 30 қории барҷаста ва байналмилалӣ дар шаҳру ноҳияҳои устони Курдистон баргузор шуд, ки ба гуфтаи гузоришҳо, бо истиқболи гарми ҳам сунниҳо ва ҳам шиъаҳо рӯ ба рӯ гардид.

Бино ба гузориши ИҚНО, имрӯз — якшанбе, 4 обон (26 октябр) ва дар охирин рӯзи рақобатҳои ин давр, финали бахши ҳифз ва бахши қироат баргузор шуд.
Пеш аз маросими пагоҳ, иштирокчиён низ аз осор ва ҷойҳои таърихӣ ва фароғатии шаҳри Санандҷ боздид хоҳанд кард.

Ёдовар мешавем, ки 48-умин даври мусобиқаҳои умумиқуръонии Қуръони Карим бо шиори «Қуръон — китоби ваҳдат» баргузор гардид.

4312796

captcha