IQNA

Ҳузури 54 миллион зоир дар ду ҳарами муқаддас дар моҳи гузашта

23:46 - October 28, 2025
рақами хабар: 4051
Ҳузури 54 миллион зоир дар ду ҳарами муқаддас дар моҳи гузашта
Ҳайати кулли умури Масҷидулҳаром ва Масҷидуннабӣ эълон кард, ки шумораи умумии зоирон ва намозгузорон дар ин ду ҳарами муборак дар моҳи Рабиъуссонӣ соли 1447 ҳиҷрии қамарӣ ба 54 миллион 511 ҳазор 901 нафар расидааст.

Ба гузориши ИҚНО, ба нақл аз рӯзномаи Ар-Риёз, тибқи гузориши расмии ин ҳайат, шумораи намозгузорон дар Масҷидулҳаром ба 17 миллион 743 ҳазор 854 нафар расидааст, ки аз миёни онҳо 93 ҳазор 720 нафар дар Ҳиҷри Исмоил (Ҳатим) намоз гузоштаанд.
Ҳамчунин, шумораи умрагузорон ба 11 миллион 748 ҳазор 153 нафар расидааст.

Дар Масҷидуннабӣ (Масҷиди Паёмбар) низ дар ҳамин моҳ 21 миллион 353 ҳазор 370 нафар намоз хондаанд, ки аз онҳо 2 миллион 83 ҳазор 861 нафар дар Равзаи шариф ибодат кардаанд.
Ғайр аз ин, 1 миллион 488 ҳазор 943 нафар барои зиёрати Паёмбари Акрам (с) ба Масҷидуннабӣ ташриф овардаанд.

Ҳайати кулли умури Масҷидулҳаром ва Масҷидуннабӣ иттилоъ дод, ки барои сабт ва назорати омори зоирон ва намозгузорон дар даромадгоҳҳои асосии ҳар ду масҷид аз технологияҳои муосир, аз ҷумла сенсорҳои зеҳнӣ (ақлӣ) истифода мебарад.
Ин иқдом бо ҳадафи боло бурдани самаранокии хизматрасонӣ, назорати ҷараёни ҳаракати зоирон ва зичии мардум, ва осон кардани идораи корҳои марбут ба зиёрат дар ҳамкорӣ бо ниҳодҳои дахлдор анҷом дода мешавад.

4313289

captcha