
Ба гузориши ИҚНО бо нақл аз Берномо, дар Малайзия як низоми нави зеҳни сунъӣ бо номи iTAQ роҳандозӣ шудааст, ки барои зудтар санҷидани дурустии Қуръонҳои чопшуда хизмат мекунад.
Вазорати корҳои дохилии Малайзия (KDN) ин низоми санҷиши зеҳни сунъиро бо мақсади тафтиши дақиқ ва босуръати нусхаҳои чопии Қуръон роҳандозӣ кардааст.
Шамс-ул-анвор Нассара, муовини вазири корҳои дохилӣ, гуфт, ки ин система таҳти идораи Кумитаи назорат ва иҷозаи чопи Қуръон (LPPPQ) фаъолият мекунад ва амалҳои вобаста ба санҷиши асолати нусхаҳои Қуръонро мувофиқ ба чолишҳои муосир тақвият мебахшад.
Ӯ илова кард: «Бо татбиқи навовариҳое мисли системаи iTAQ, LPPPQ масъулияти худро дар ҳифзи матни аслии Қуръон ва мутобиқати он бо меъёрҳои шариатӣ иҷро мекунад. Ин кумита дар ҳифзи ҳурмати Қуръон нақши муҳим дорад. Ин монеаи пешрафт нест, балки як филтрест барои пешгирӣ аз ҳар гуна иштибоҳе, ки метавонад дурустии қироат ва фаҳмиши Қуръонро дар байни мусалмонон халалдор кунад.»
Ба ҷуз аз системаи iTAQ, ин вазорат ҳамчунин чорчӯби касбӣ барои ҳайатҳои тасдиқкунандаи Қуръон (ProQuran) таъсис додааст, ки ҳадафаш баланд бардоштани сатҳи тахассуси мушовирони қуръонӣ мебошад, ки дар соҳаи чоп ва нашр фаъолият доранд.
Дар ҳамин ҳол, Шамс-ул-анвор гуфт, ки мақомоти кишвар беш аз 53 000 матн ва маводи гуногуни қуръонӣ-ро, ки бар хилофи Қонуни чопи матнҳои қуръонӣ аз соли 1986 (Қонуни №326) буданд, дар давраи байни моҳи январ то сентябри имсол боздошт кардаанд ва 295 парвандаи таҳқиқотӣ боз шудааст.
Ӯ гуфт, танҳо дар моҳи Рамазон 201 парвандаи таҳқиқотӣ кушода шудааст.
Ӯ афзуд: «Дар ҷараёни амалиёти мубориза бо қонуншиканон, ки ҳамзамон бо моҳи Рамазон баргузор шуд, чораҳои иҷроӣ ба ҷаримаи маблағи 950 ҳазор ринггит анҷомид.»
4313768