IQNA

Ҳамкорӣ дар Қуръони Карим / 7

Ҳамкорӣ — меъёре барои сохтани ҷомеа

23:25 - November 01, 2025
рақами хабар: 4063
Асоси ҷомеаи шаҳрвандӣ бар ҳамкорӣ, кумак ба ҳам ва мубодилаи манфиатҳо истодааст. Аз ҳамин сабаб, дини Ислом ҳамкориро яке аз заруриятҳои тафаккури дуруст ва меъёрӣ медонад.

Бародарии исломӣ яке аз асосҳои ҳамкории иҷтимоӣ ва ёрии ниёзмандону камбизоатон аст. Дар Қуръон ва ҳадисҳо ҳам ин чиз зикр шудааст. Қуръон мефармояд:
«Ҳаққо ки мӯъминон бо ҳам бародаранд» (Ҳуҷарот, 10).

Ислом мусалмононро бародар қарор додааст, то ихтилофи манфиатҳо ба ҳамдилӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ табдил ёбад. Пас, чун онҳо бародаранд, бояд ба якдигар ёрӣ расонанд.

Агар дар ҷомеа каси камбизоат бошад, мусалмон набояд иҷозат диҳад, ки ӯ гурусна ё бехона бимонад, дар ҳоле ки худаш имкони кӯмак карданро дорад.

Паёмбари акрам (с) фармудаанд:
«Мӯъминон дар дӯстӣ, меҳрубонӣ ва ҳамдардӣ бо якдигар мисли як ҷисми зиндаанд — агар як узв дард гирад, тамоми ҷисм бо ӯ ҳамдард мешавад».

Одамон барои расидан ба саодат ва комил шудан дар зиндагӣ ниёзҳое доранд, ки танҳо худашон онҳоро қонеъ карда наметавонанд. Аз ҳамин сабаб бояд ҷомеа ташкил кунанд ва ба ҳамдигар ёрӣ расонанд. Асоси ҷомеаи шаҳрвандӣ — ҳамкорӣ, кӯмак ва мубодилаи манфиатҳост.

Гуфтаанд, ки ҷомеа ва ҳамкорӣ барои инсонҳо як чизест фитрӣ. Фарқиятҳои мардум — аз лиҳози ҷисмонӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ё фарҳангӣ — талаб мекунад, ки дар зиндагӣ якдигарро ёрӣ кунанд.

Аз ҳамин сабаб, Ислом ҳамкориро яке аз заруриятҳои тафаккури дуруст медонад. Он ба некукорӣ, ёрии зуд ва ҳамбастагии мӯъминон таъкид мекунад, вале аз ҳамкорӣ дар корҳои бад — ки боиси беадолатӣ ва нобаробарӣ мешавад — сахт манъ менамояд.

Дар ривоятҳои исломӣ гуфта шудааст, ки мусалмонон нисбат ба ҳамдигар ҳаққу вазифаҳо доранд. Яке аз онҳо “мувосот дар мол” аст — яъне тақсим кардани дороии худ бо дигарон. Масалан, вақте дар бозор ягон мол камёфт шавад, шахс бояд аз зиёдатии худ дигаронро низ шарик кунад.

Ходими Имом Содиқ (а) нақл мекунад:
Имом (а) гуфт: «Дар Мадина нархҳо гарон шудааст. Мо чанд ғизо дорем?»
Гуфтам: «Он қадар, ки барои чанд моҳ басанда аст».
Фармуд: «Онҳоро биёр ва бифурӯш». Пас аз он ки фурӯхтам, гуфт:
«Аз имрӯз ҳар рӯз ҳамроҳи мардум ғизо бихар ва барои хонаводаи ман нимаш ҷав, нимаш гандум бидеҳ. Худо медонад, ки ман метавонам танҳо гандум бихарам, вале дӯст дорам, ки Худо маро чунин бинад — ки зиндагиро бо адолат ва андоза пеш мебарам».

3495083

captcha