IQNA

Духтари фаластинӣ бо ҳифзи Қуръон бар зидди саратон мубориза бурд

17:12 - November 06, 2025
рақами хабар: 4082
«Шуруқ Марар» аз шаҳри Бейт Дақу, воқеъ дар шимолу ғарби Қудси ишғолшуда, достони пур аз ирода ва имон дорад. Бо вуҷуди он ки солҳост аз бемории саратон ранҷ мебарад, ӯ тавонист ҳифзи тамоми Қуръони Карим-ро ба поён расонад.

Ба гузориши ИҚНО, ба нақл аз шабакаи «Алҷазира», сафари рӯҳонии Шуруқ бо Қуръон ду сол пеш оғоз шуд ҳамзамон бо оғози ҷанги Исроил алайҳи Навори Ғазза. Ӯ аз ҳофизони Қуръон дар Ғазза, ки бо тамоми дард ва сахтиҳо Қуръонро меомӯзанд, илҳом гирифт.

Шуруқ мегӯяд:

«Ман дидам, ки мардумони Ғазза бо вуҷуди ранҷу мушкилӣ Қуръонро ҳифз мекунанд. Ба худ гуфтам: агар онҳо метавонанд, пас ман ҳам метавонам!»

Шуруқ қарор кард, ки дар тамоми давраи тӯлонии муолиҷаи саратонаш Қуръонро ҳамроҳи худ дошта бошад. Дар долонҳои беморхонаи Ал-Мутлаъ дар Қудси ишғолшуда, вақте ки мунтазири ҷаласаҳои кимиётерапия ва нурдиҳӣ буд, оятҳоро мехонд ва аз лаҳзаҳои интизорӣ барои хониш, такрор ва ҳифз истифода мекард.

«Қуръон давои доимии ман ва ҳамсафари роҳам буд»

Шуруқ, ки модари се фарзанд аст, дар муқобили саратон таслим нашуд. Ин беморӣ натавонист ӯро аз ҳадафаш дур кунад — балки баръакс, ранҷҳои беморӣ барои ӯ сабаби наздиктар шудан ба Қуръон гардиданд.

Ӯ мегӯяд:

«Ҳеҷ чиз монанди Қуръон ба дил оромӣ намедиҳад. Ҳеҷ давое барои рӯҳ амиқтар аз оятҳои он нест. Ман ба ҳамаи касоне, ки рӯзҳои сахтро аз сар мегузаронанд, тавсия медиҳам, ки Қуръонро даво ва ҳамсафари ҳамешагии худ қарор диҳанд.»

Икром Довуд, модари Шуруқ, вақте фаҳмид, ки духтараш ҳифзи тамоми Қуръонро ба итмом расондааст, натавонист ашки шодӣ ва эҳсосашро нигаҳ дорад. Вай гуфт:

«Вақте Шуруқ ба ман гуфт, ки тамоми Қуръонро ҳифз кардааст, аз хушҳолӣ гиря кардам. Ин зеботарин тӯҳфаест, ки дар умрам гирифтаам. Ман ҳамеша, бо вуҷуди шароити душворе ки дошт, ӯро ташвиқ мекардам. Худоро шукр, ки ба ӯ кӯмак ва роҳнамоӣ кард.»

4314943

captcha