
Яке аз масодиқи ҳамкори бар муҳаввар тақво кӯшиш барои сулҳ ва оштӣ миёни мусулмонон аст.
Худованд дар Қуръон мегуяд:
«إِنَّمَا الْمُؤْمِنُونَ إِخْوَةٌ فَأَصْلِحُوا بَيْنَ أَخَوَيْكُمْ؛»
Дар ҳақиқат, мўъминон бо ҳам бародаранд, пас миёни бародаронатон оштӣ диҳед (Ҳуҷарот: 10).
Қуръони Карим ҳамчунин дар сураи Тавба барои ишора ба ҳамкории иҷтимоӣ ва иштироки умумӣ калимоти «вилоят» ва «тулӣ»ро истифода мебарад ва мефармояд:
«وَالْمُؤْمِنُونَ وَالْمُؤْمِنَاتُ بَعْضُهُمْ أَوْلِيَاءُ بَعْضٍ يَأْمُرُونَ بِالْمَعْرُوفِ وَيَنْهَوْنَ عَنِ الْمُنْكَرِ»
Мардон ва занони мўъмин дӯст ва ёрии якдигар ҳастанд, ҳамеша ба корҳои неку шоиста фармон медиҳанд ва аз корҳои бади нописанд боз медоранд (Тавба: 71). Пас, вилоят ё раҳбарии мўъминон ба ҳамкории онҳо ва пуштибонӣ аз якдигар ишора мекунад.
Яке дигар аз масодиқи таъавун дар ояти «амр ба маъруф» ва «наҳй аз мункар» дар арсаи иҷтимоъ аст, ки ҳамчун аввалин муҳаввар вилоят ва дӯстии мўъминон матраҳ шудааст.
Аз нигоҳи ислом, сарнавишти ҷомеа ва фард ба ҳам пайванд мехӯрад ва аз ин рӯ барои дур мондан аз фалокат ва зулм, мўъминон бояд якдигарро ба маъруф тавсия диҳанд ва аз мункар боз доранд.
Ҳамон тавре ки мунофиқон низ якдигарро дӯстӣ ва ҳамкорӣ мекунанд, аммо онҳо дар доираи тарғиби фисқ, амр ба мункар ва наҳй аз маъруф ва имсок аз хайрот амал мекунанд:
«الْمُنَافِقُونَ وَالْمُنَافِقَاتُ بَعْضُهُمْ مِنْ بَعْضٍ يَأْمُرُونَ بِالْمُنْكَرِ وَيَنْهَوْنَ عَنِ الْمَعْرُوفِ وَيَقْبِضُونَ أَيْدِيَهُمْ نَسُوا اللَّهَ فَنَسِيَهُمْ إِنَّ الْمُنَافِقِينَ هُمُ الْفَاسِقُونَ»
(Тавба: 67).
Дар умум, ба шумори корҳои неке, ки қобилияти таъавун ва ҳамкори доранд, метавон масодиқи таъавунро зикр кард.
Барои намуна, ҳадя кардан, шод кардани дигарон, рафъи ғам аз чеҳраи мӯъмин, саргардон ва обёрии мўъмин, иёдат кардан дар вақти беморӣ, иҷрои корҳои ҷамъии оила – инҳо намунаҳои амале ҳастанд, ки дар доираи таъавун бо муҳавварияти тақво ва некии исломӣ метавон иҷро кард.
3495149