IQNA

Муаррифии тафосир ва муфассирон/11

“Мин Ҳуда-л-Қуръон”; бардоштӣ иҷтимоӣ ва тарбиятӣ аз оятҳои Қуръон

21:36 - September 04, 2023
рақами хабар: 414
Тафсири “Мин Ҳуда-л-Қуръон” асари Оятуллоҳ Сайид Муҳаммадтақии Мударрисӣ аз уламои Ироқ, яке аз тафосири муосири Қуръони Карим аст, ки дар 18-ҷилд таълиф шудааст ва тамоми оятҳои Қуръонро бо рӯйкарди иҷтимоӣ ва тарбиятӣ мавриди баҳсу баррасӣ қарор медиҳад.

Оятуллоҳ Муҳаммадтақии Мударрисӣ (мутаваллиди 1945 мелодӣ), аз андешмандону муҳаққиқон ва нависандагони шиаи аср ҳозир аст, ки дар шаҳри муқаддаси Карбало ва дар хонаводаи аҳли илму фақоҳат, мутаваллид шуд. Ӯ пас аз даврони кӯдакӣ, ба фарогирии улуми динӣ пардохт ва аз маҳзари уламои бузурге баҳра бурд, вале ба улуми динӣ маҳдуд нашуд ва ба фарогирии улум ва донишҳои дигар низ пардохт.

Ин муфассири дорои андеша ва назар дар заминаи улуми инсонӣ, фалсафа, ирфону нақди фарҳанги ғарбӣ аст ва таҳқиқот, пажӯҳишҳо ва мақолаҳои фаровоне аз ӯ дар нашрияҳои арабӣ дар Ироқ, Эрон ва Лубнон чопу нашр шудааст. Ӯ аз муаллимони машҳури ҳавзаи илмия (семинария) мебошад.

Вижагиҳои тафсир               

Шиваи тарҳи матолиб ва вуруд ба тафсири таврест, ки нахуст маҷмӯъае аз оятҳоро зикр мекунад ва он гоҳ пас аз шарҳи паёми кулли он маҷмӯъа, қисмат ба қисмати ҷумалоти оятҳоро тавзеҳ медиҳад. Ҳар қисмат аз оятҳо ба мавзӯе ихтисос ёфта ва унвонгузорӣ шудааст. Муаллиф ба ҷанбаҳои тадаббурӣ ва тааққулии тафсир такя карда ва ба суроғи ақволи дур аз зеҳн ва этимолҳои баъид ва ғайриназаррас нарафта ё камтар рафтааст.

Ин тафсир, бо баҳрагирӣ аз нишонаҳои Худованд ба воқеиятҳои иҷтимоӣ ва тарбиятӣ мепардозад. Равиши вижаи ин асар дар тафсири Қуръони Карим ва тадаббур дар оятҳои он қобили тавваҷӯҳ аст ва бо ҳамин равиш, чигунагии таомул бо вазъияти иҷтимоиро таҳлил мекунад. Нависанда ҳамчунин дар ин тафсир саъй карда аз матраҳ кардани масоили печидае, ки шароити ҷомеаи исломӣ ҳеҷ ниёзе ба он надорад, фосила гирад. Ин нукта ба ин тафсир хусусияти хосе медиҳад, ки онро аз тафсирҳои дигар фарқ мекунад.

Матолиб бисёр содаву дилнишин ва бо назму қонун аст. Арабии он низ равон, имрӯзӣ ва қобили фаҳм барои ҳамаи арабидонон аст. Ҳамчунин саъй шуда матолиби тафсирии дигарон, такрор нашавад. Аз дигар вижагиҳои ин тафсир ин аст, ки муфассир аз равиши таҳлили нафсӣ ва равоншиносона дар ибрози ҷанбаҳои тарбиятии Қуръон, баҳра бурдааст. Нуктаи дигар инки муаллиф саъй дар эҷоди пайванди муҳкам миёни оятҳои қуръонӣ ва воқеияти мавҷуд ва авзои фарҳангӣ ва иҷтимоиву сиёсии уммати исломии муосир дорад ва бар масъулияти инсон дар баробари аъмоли худ ва даъват бар пазириши масъулияти вай таъкид мекунад.

Калидвожаҳо: Муҳаммадтақии Мударрисӣ, Тафсири Қуръон, Тафсири иҷтимоӣ, Тафсир ва муфассирон

captcha