IQNA

Дархост барои барканории раиси бузургтарин созмони исломии Индонезия

12:19 - November 24, 2025
рақами хабар: 4151
Бузургтарин созмони исломии Индонезия пас аз он ки раисаш як мутафаккири тарафдори Исроилро ба як барнома даъват кард, хостори истеъфои ӯ шуд.

Ба гузориши ИҚНО аз «Ал-Қудс ал-Арабӣ», созмони Наҳзатул-уламо, ки бузургтарин созмони исломии Индонезия ба шумор меравад, пас аз он ки раҳбараш як мутафаккири маъруфи амрикоиро — ки ба далели пуштибонияш аз режими саҳюнистӣ дар ҷанги Ғазза машҳур аст — ба як ҳамоиши худ даъват кард, аз ӯ талаб кардааст, ки истеъфо диҳад.

Ин мутафаккири амрикоӣ ба ҳамоише даъват шуда буд, ки моҳи август аз ҷониби ин созмон баргузор гардид.

Раҳбарияти созмон, ки бо тақрибан 100 миллион узв аз бузургтарин созмонҳои исломии ҷаҳон ҳисоб меёбад, ба раиси худ — Яҳё Халил Истақоф — се рӯз муҳлат додааст, то истеъфо диҳад; дар акси ҳол бо ихроҷ рӯбарӯ мешавад.

Ин созмон даъвати Истақоф аз шахсе, ки ӯро «марбут ба як шабакаи байналмилалии саҳюнистӣ» медонад, ба як барномаи дохилӣ, инчунин иддаоҳои «бадрафтории молиявӣ»-ро далели дархости барканории ӯ зикр кардааст.

Истақоф, ки аз соли 2021 раҳбарии созмонро ба дӯш дорад, то ҳол ба талаби пешниҳодшуда ҷавоб надодааст.

Ӯ барои ин даъват узр пурсида, онро як иштибоҳи нохост хондааст, зеро «пешинаи Берковитсро ба таври дақиқ баррасӣ накарда буд». Вай афзуд, ки Берковитс «амалҳои ваҳшиёнаи наслкушии Исроил дар Ғаззаро» маҳкум карда будааст.

Сомонаи Берковитс нишон медиҳад, ки ӯ пайваста ба нафъи амалиёти низомии Исроил дар Ғазза матолиб менависад — аз ҷумла мақолае, ки моҳи сентябр нашр карда буд ва дар он иддаои «наслкушӣ аз ҷониби Исроил» рад шудааст.

4318616

captcha