IQNA

Сураҳои Қуръон/67

Намоиши қудрати Худованд дар сураи “Мулк”

20:50 - September 05, 2023
рақами хабар: 419
Дар сураҳои мухталифи Қуръони Карим Худованд қудрати худро ба тасвир кашидааст, аммо тарзи ба тасвир кашидани қудрати Худованд дар сура “Мулк” бисёр кӯтоҳ, аммо хосу комил аст ба тавре, ки тасвире аз тасаллути Худованд бар ҳамаи ҳастиро метавон мушоҳида кард.

667-умин сураи Қуръони Карим Мулк ном дорад. Ин сура бо 30 оят дар ҷузъи 29-ум қарор гирифтааст. “Мулк”, ки Сурае маққӣ аст дар тартиби нузул, 77-умин сураест, ки бар Паёмбари Ислом (с) нозил шудааст.

“Мулк” ба маънои фармонраво мебошад ва ишора ба фармонравоии Худованд бар ҳамаи олам дорад ва далели номгузории ин сура, омадани вожаи “Мулк” дар аввалин ояти ин сурааст.

Ҳадафи аслии сураи Муликро баёни умумияти рубубияти Худо барои тамоми олам ва ҳушдор додан нисбат ба рӯзи қиёмат донистаанд. Ба ҳамин ҷиҳат дар ин сура бисёре аз неъматҳои илоҳӣ аз хилқату мудирияти назми ҳастиро ном мебарад, чун дар ҳақиқат зикри ин неъматҳо далеле бар рубубияти оммаи илоҳӣ аст.

Тарзи баёни фармонравоӣ ва ҳокимияти Худованд бар ҷаҳони ҳастӣ низ ба сурати хосе дар ин сура баён шудааст. Тарзи баёни ин оят ишора ба тасаллути комили Худованд бар тамоми ҳастӣ дорад ба сурате, ки ҳар тағйире бихоҳад дар он эҷод мекунад ва ба ҳар шакле бихоҳад идора мекунад ва қудрати ӯ маҳдудияте надорад.

Ин сура бо таҳсини Худованд дар мавриди фармонравоӣ ва ҳокимияту қудрати Ӯ оғоз мешавад ва дар идома офариниш ва маргу ҳаётро озмоиши илоҳӣ барои инсонҳо унвон мекунад.

Дар ин сураи маргу зиндагии инсон аз далоили моликияту ҳокимияти Худо унвон мешавад. Ва инки ин дуро озмоиши Худованд унвон карда, навъе парвариш донистаанд, ки инсонро омода ва пок мекунад то шойистагии наздик шудан ба Худовандро дошта бошад.

Пас ҷаҳони ҳастӣ майдони бузурги имтиҳон барои инсонҳост ва василаи ин озмун, маргу зиндагӣ аст ва ҳадафи он расидан ба беҳтарин рафтор аст, ки мафҳуми он комил шудани шинохт, пок шудани ният ва анҷом ҳар кори хубест.

Мавзӯъоти ин сураро метавон дар се бахш мавриди тавваҷӯҳ қарор дод: ибтидо баҳсҳое дар мавриди сифоти Худованд ва низоми шигифтиангези хилқат махсусан офариниши осмонҳову ситорагон, офариниши замину неъматҳои заминӣ, офариниши парандагону обҳои ҷорӣ ва офариниши гӯшу чашм ва абзори шинохт матолибе матраҳ кардааст.

Сипас ба маъоду рӯзи қиёмат ва азоби ҷаҳаннаму гуфтугӯи маъмурони азоб бо ҷаҳаннамиён пардохтааст. Дар бахши сеюм низ ба кофирону золимон ҳушдор медиҳад ва онҳоро ба анвои азобҳои дунё ва охират таҳдид мекунад.

Калидвожаҳо: Сураҳои Қуръон, 114, Сураи Мулк, Фармонравоии Худованд, Қудрати Худованд дар ҷаҳон, Ҳушдори Худованд

captcha