IQNA

Ҳамос қавитар аз ҳамеша; муқовимат калиди хотимаи ишғолгарии саҳюнистӣ

9:53 - December 15, 2025
рақами хабар: 4214
Ҳаракати Ҳамос дар остонаи 38-умин солгарди таъсиси худ, бо пойбандӣ ба принсипҳои муқовимат пойгоҳи мардумии мустаҳкаме дорад.

Ҳамос қавитар аз ҳамеша; муқовимат калиди хотимаи ишғолгарии саҳюнистӣҲаракати Ҳамос дар остонаи 38-умин солгарди таъсиси худ, бо пойбандӣ ба принсипҳои муқовимат ва бо вуҷуди террори раҳбарони калидӣ, муҳосираи шадид ва тахриби беш аз 80 фоизи захираҳои Ғазза, пойгоҳи мардумии мустаҳкаме дорад ва бо амалиётҳои дақиқ ва нигоҳдории амнияти қитъаи Ғазза, нишон дод, ки ягона роҳи озодии Фаластин, идомаи муқовимат бар зидди режими саҳюнистӣ аст.

Ҳаракати муқовимати исломии Фаластин дар декабри соли 1987, ҳамзамон бо оғози интифозаи якуми Фаластин, тавассути Шайх Аҳмад Ёсин ва ҷамъе аз муҷоҳидон фаластинӣ таъсис дода шуд. Ин ҳаракат ҳамчун шохае аз Ихвон-ул-муслимин дар Фаластин шакл гирифт ва ҳадафи аслии онро озодии комили сарзамини Фаластин аз истилоги режими саҳюнистӣ эълон кард.

Шайх Аҳмад Ёсин, бунёдгузори Ҳамос бо таъкид бар муқовимати мусаллаҳона ва фаъолиятҳои иҷтимоию фарҳангӣ, пояҳои ин ҳаракатро устувор кард. Ҳамос аз ҳамин ибтидо бо омезиши муборизаи сиёсӣ ва низомӣ, ба намоди истодагии миллати Фаластин табдил шуд.

Дар даҳсолаҳои пас аз таъсис, Ҳамос нақши калидӣ дар интифозаҳо ва муқобили таҷовузоти режими Исроил бози кард. Шохаи низомии он, Гурудонҳои Иззуддин Қассом, бо рушди тавоноии мушакӣ ва амалиётҳои дақиқ, боронҳо режими ишғолгарро ба чолиш кашид.

Пирузии Ҳамос дар интихоботи парлумонии соли 2006 ва идораи қитъаи Ғазза, нишондиҳандаи пойгоҳи мардумии густаридаи ин ҳаракат буд. Бо вуҷуди муҳосираи шадиди Ғазза ва чандин ҷанги таҳмилӣ аз тарафи Исроил, Ҳамос тавонист сохторҳои идорӣ, таълимӣ ва беҳдоштиро нигоҳ дорад ва ҳамчун намояндаи асосии муқовимати Фаластин зоҳир шавад.

Амалиёти “Тӯфони Ақсо” дар 7 октябри соли 2023, нуқтаи интиқоле дар таърихи Ҳамос буд. Ин амалиёти ғофилгиранда, бузургтарин шикасти иттилоотӣ ва низомии режими саҳюнистиро рақам зад ва арконҳои даъвоии амнияти ин режимро ларзонд. Ҳамос бо ин амал, на танҳо ба нақшаҳои ишғолгарии Исроил барои яҳудисозии соҳили ғарбӣ ва сайтара бар Масҷид-ул-Ақсо посух дод, балке ормони Фаластинро бори дигар ба конуни таваҷҷуҳи ҷаҳонӣ бозгардонд.

Пас аз он, режими Исроил бо дастгирии густардаи Иёлоти Муттаҳида, ҷанги вайронгареро алайҳи Ғазза ба роҳ андохт, ки беш аз ду сол идома ёфт. Ин таҷовуз, вайронкунии густаридаеро ба бор овард; беш аз 80 фоизи захираҳои Ғазза вайрон шуд, даҳҳо ҳазор шаҳид ва захмӣ бар ҷо монд ва қаҳтӣ ва овардагӣ миллионҳо нафарро сабаб шуд.

Бо вуҷуди ин, Ҳамос на танҳо нобуд нашуд, балке қудрати низомӣ ва сиёсии он афзуд. Маҷаллаи “Foreign Affairs” дар гузорише таъкид кард, ки пас аз моҳҳо бомборонии бевақфа, Ҳамос қавитар аз пеш зоҳир шуда ва ҳимояти фаластиниҳо аз он бештар шудааст. Ин ҳаракат бо ҷанги туннелӣ ва амалиётҳои дақиқ, артиши Исроилро замингир кард ва хароҷоти сангини сиёсӣ ва дипломатӣ барои Телавив ба ҳамроҳ дошт.

Алайҳи вайронкунии Ғазза ва шаҳодати ҳазорон ғайринзомӣ, пойгоҳи мардумии Ҳамос устувор монд. Мардуми Ғазза, ки беш аз 75 сол зери истило ва муҳосира зиндагӣ кардаанд, Ҳамосро ҳамчун намоди муқовимат ва дифоъ аз каромати худ мебинанд. Амалиёти “Тӯфони Ақсо”, Ғаззаро аз марги тадриҷӣ наҷот дод ва ҳимоятро аз муқовимат дар миёни фаластиниҳо тақвият кард. Ҳатто мақомоти собиқи саҳюнистӣ эътироф кардаанд, ки Исроил дар ҷанги Ғазза шикаст хӯрда ва Ҳамос ба пирузии ошкоре даст ёфтааст, зеро ҳанӯз дар қудрат монда ва ҳадафҳои истилогоронро ноком гузошт.

Дар ниҳоят, созиши оташбаси охирин низ натиҷаи муқовимати камназири мардуми Ғазза ва размандагони Ҳамос буд. Ин ҳаракат бо пойбандӣ ба принсипҳои худ, нишон дод, ки террори раҳбароне чун Шайх Аҳмад Ёсин, Исмоил Ҳания ва Яҳё Синвор, наметавонад иродаи муқовиматро бишканад.

Ҳамос имрӯз, беш аз ҳар вақт машруият ва маъмулияте дорад ва ҳамчун садои миллати Фаластин, масири озодиро идома медиҳад. Солгарди таъсиси Ҳамос, ёдовари ин ҳақиқат аст, ки муқовимат, ягона роҳи хотимаи ишғолгарӣ аст.

tajikpress

captcha