IQNA

Ал-Азҳар ҳамлаи террористӣ ба масҷиди «Имом Алӣ (а)» дар Сурияро маҳкум кард

2:20 - December 28, 2025
рақами хабар: 4267
Маркази исломии Ал-Азҳар таркиш дар масҷиди Имом Алӣ (а) дар маҳаллаи Водию-з-Заҳаби шаҳри Ҳумси Сурияро маҳкум намуда, таъкид кард: ин ҷиноят нишонгари беэътиноӣ ба ҷони инсонҳо ва поймол кардани ҳурмати ҷойҳои ибодатӣ ва муқаддас аст.

Ба гузориши ИҚНО ба нақл аз «Сада ал-Балад», Маркази исломии Ал-Азҳар дар баёнияе ҳадаф қарор гирифтани яке аз хонаҳои Худо дар устони Ҳумси Сурияро ҳангоми баргузории намози ҷумъа, ки бо шаҳид ва маҷрӯҳ шудани бархе аз шаҳрвандони сурӣ анҷомид, маҳкум кард.

Дар ин баёния омадааст: ин ҷинояти террористӣ нишонгари нодида гирифтани ҷони инсонҳо ва ҳурматшиканӣ нисбат ба маконҳои ибодатӣ ва муқаддас аст ва нишон медиҳад, ки омилони он аз мафҳумҳо ва арзишҳои динӣ, инсонӣ ва ахлоқӣ дур ҳастанд.

Ал-Азҳар таъкид кард: омилони ин ҷиноят бо беэътиноии ошкоро ба арзиши ҷони инсон, ба ҳаюлоҳое табдил ёфтаанд, ки амният ва суботи ҷомеаҳоро таҳдид мекунанд.

Дар ин баёния, ҳамзамон бо изҳори таслият ба мардуми Сурия, аз суриягиҳо дархост шудааст, ки бо вуҷуди гуногунрангии мазҳабҳо ва фирқаҳои мухталиф, ҳамбастагӣ ва ваҳдати худро дар баробари ин тавтиаи шум, ки амният ва суботи дохилиро таҳдид мекунад ва дар пайи густариши бесарусомонӣ аст, ҳифз намоянд.

Назир Айёд, муфтии Миср низ бо маҳкум кардани ҳамлаи террористӣ ба масҷиди Имом Алӣ (а) дар Ҳумси Сурия изҳор дошт: ҳамла ба намозгузорон дар дохили хонаҳои Худо нақзи ошкори ҳурмати ин маконҳост ва мухолифи таълимоти адёнҳои осмонӣ мебошад, ки бар ҳурмати хуни инсонҳо ва ҳифзи ҷойҳои ибодатӣ таъкид доранд.

Шаби гузашта гурӯҳе, ки худро «Сароя Ансор-ус-Сунна» меномад, масъулияти таркиш дар масҷиди Имом Алӣ (а) дар маҳаллаи Водию-з-Заҳаби Ҳумси Сурияро бар ӯҳда гирифт.

Ин гурӯҳи такфирӣ бар идомаи ҳамлаҳо алайҳи ақаллиятҳои мазҳабии Сурия таъкид кард. «Сароя Ансор-ус-Сунна» қаблан низ дар моҳи июн масъулияти ҳамла ба як калисо дар Димишқро бар дӯш гирифта буд.

Ин дар ҳолест, ки Ҳамза ал-Мустафо, вазири давлати худхондаи Сурия, гурӯҳи ДОИШ-ро масъули амалиёти террористӣ дар Ҳумс эълон карда буд.

Манобеи хабарӣ аз шаҳид шудани ҳашт нафар ва маҷрӯҳ гардидани 18 нафар дар ин таркиши террористӣ, ки ҳангоми баргузории намози ҷумъа рух дод, хабар доданд.

4325195

captcha