Ба гузориши ИКНО ба нақл аз АрабиНиюз, вазирони Шӯрои ҳамкории халиҷи Форс бар мавзеи худ барои эҷоди кишвари Фаластини мустақил бо пойтахтии Байтулмуқаддаси шарқӣ дар буҳбуҳаи фаъолиятҳои ғайриқонунии рӯзафзуни шаҳракнишинони исроилӣ дар сарзаминҳои фаластинӣ таъкид карданд.
Вазирони Шӯрои ҳамкории халиҷи Форс дар баёнияе, ки дар поёни 57-умин нишасти худ дар пойтахти Арабистони Саудӣ содир шуд, идомаи шаҳраксозӣ тавассути Исроил дар арозии ишғолии Фаластинро маҳкум карданд ва онро “нақзи ошкори созишномаҳои байналмилалӣ аз ҷумла қатъномаи шумораи 2334 Шӯрои амнияти СММ” донистанд.
Шӯрои вазирон аз эъломи давлати Австралия мабнӣ бар истифода аз иборат “сарзаминҳои ишғолии фаластинӣ” истиқбол кард. Илова бар ин, вазирони ин шӯро аз ҷомеаи ҷаҳонӣ хостанд то ба Тел-Авив фишор биоварад то иқдомоти ишғолгаронаи худро мутаваққиф кунад ва барои ҳалли муноқиша, ба наҳве, ки тамоми ҳуқуқи қонунии мардуми Фаластин бароварда шавад иқдоми намояд.
Ин шӯро ҳамчунин “таҷовузоти мукаррари мақомот ва шаҳракнишинон исроилӣ ба саҳнҳои Масҷидулақсоро маҳкум кард. Дар ин баёния омадааст: чунин таҷовузоте натанҳо “нақзи ҳурмати Масҷидулақсо ва таҳрики эҳсосоти мусалмонон” балки “нақзи ҷиддии қавонини байналмилалӣ ва вазъияти таърихӣ ва ҳуқуқии мавҷуд дар Қудс ва муқаддасоти он” аст.
Ин шӯро аз тасмими Арабистони Саудӣ барои таъини як сафири ғайри муқим дар кишвари Фаластин ва сарконсул дар Қудс қадрдонӣ кард.
Ин шӯро аз кишварҳои узви ҳамкории халиҷи Форс ва ҷомеаи байналмилалӣ хост то ба ҳимоят аз фаъолиятҳои Ожонси имдод ва кори Созмони Милал барои оворагони фаластинӣ идома диҳанд то итминон ҳосил шавад, ки ҳамаи оворагон ба хонаҳои худ бозгарданд.
4167528