IQNA

Истиғфор дар Қуръони Карим / 8

Таъсири истиғфор дар ҷалби раҳмати илоҳӣ

14:11 - December 31, 2025
рақами хабар: 4280
Таъсири истиғфор танҳо ба бахшида шудани гуноҳон маҳдуд намешавад, балки монеаҳои расидани хайр ва раҳмати илоҳиро ба инсон низ бартараф месозад.

Яке аз асарҳои истиғфор ҷалби раҳмати Парвардигор аст. Ҳазрати Солеҳ (алайҳиссалом) мардумро аз азоби илоҳӣ метарсонид, вале онҳо мегуфтанд: он азоберо, ки ваъда медиҳӣ, бар сари мо биёвар. Ӯ дар ҷавоб гуфт:

«قَالَ يَا قَوْمِ لِمَ تَسْتَعْجِلُونَ بِالسَّيِّئَةِ قَبْلَ الْحَسَنَةِ لَوْلَا تَسْتَغْفِرُونَ اللَّهَ لَعَلَّكُمْ تُرْحَمُونَ»

 (Намл: 46);
яъне чаро ба ҷойи он ки истиғфор кунед ва шомили раҳмати Худо гардед, дар талаб кардани таъҷили азоб мешитобед?

Яке аз роҳҳои дарк кардани таъсири аъмол дар оятҳои Қуръон диққат кардан ба садр (оғоз) ва зейли (поёни) оятҳост. Дар бисёр оятҳое, ки дар оғози онҳо ба истиғфор ишора шудааст, дар поёнашон илова бар мағфират, ба раҳмати илоҳӣ низ ишора гардидааст:

«وَ اسْتَغْفِرُوا اللَّهَ إِنَّ اللَّهَ غَفُورٌ رَحِيمٌ»

 (Бақара: 199).
Қуръони карим дар ояти дигар мефармояд:

«وَ اسْتَغْفِرِ اللّهَ إِنَّ اللّهَ كَانَ غَفُورًا رَّحِيمًا»

 (Нисо: 106).

Ҳол савол ин аст, ки робитаи истиғфор бо раҳмати илоҳӣ чист? Сабабаш он аст, ки гуноҳ пардае миёни инсон ва раҳмати илоҳӣ мебошад. Ҳамин ки ин парда ва монеа бардошта шавад, раҳмати Худо дарёфт мегардад. Барои фаҳми беҳтар, агар роҳи нузули раҳмат ва ризқи илоҳиро ба сӯи банда мисли як долон тасаввур кунем, гуноҳ ва маъсият боиси баста шудани ин роҳ мегардад. Аз ин рӯ, истиғфор танҳо бахшида шудани гуноҳон нест, балки агар дар роҳи расидани хайр ва раҳмат ба инсон монеаҳое вуҷуд дошта бошанд, онҳоро низ аз миён мебардорад. Ба таъбири Амирулмуъминин (алайҳиссалом) дар дуои Кумайл:

«اَللّهُمَّ اغْفِرْ لِيَ الذُّنُوبَ الَّتِي تُغَيِّرُ النِّعَمَ»

яъне: «Худоё! Он гуноҳонеро, ки неъматҳоро дигаргун месозанд, бар ман биёмурз».

Дар баъзе оятҳо ишора шудааст, ки инсон баъд аз истиғфор раҳмати раҳимияи Парвардигорро дарк мекунад:

«وَ مَن يَعْمَلْ سُوءًا أَوْ يَظْلِمْ نَفْسَهُ ثُمَّ يَسْتَغْفِرِ اللّهَ يَجِدِ اللّهَ غَفُورًا رَّحِيمًا»

яъне ҳар кас кори зишт анҷом диҳад ё бар худ ситам кунад, сипас аз Худо омурзиш бихоҳад, Худоро бисёр омурзанда ва меҳрубон меёбад (Нисо: 110).

Дар ояти дигар, ҳамроҳ шудани истиғфори инсон бо истиғфори Паёмбар (салаллоҳу алайҳи ва олиҳ) сабаби ҷалби меҳрубонии Худованд дониста шудааст:

«فَاسْتَغْفَرُواْ اللّهَ وَ اسْتَغْفَرَ لَهُمُ الرَّسُولُ لَوَجَدُواْ اللّهَ تَوَّابًا رَّحِيمً»

яъне агар аз Худо талаби омурзиш мекарданд ва Паёмбар низ барои онҳо истиғфор менамуд, Худоро тавбапазир ва меҳрубон меёфтанд (Нисо: 64).

3495318

captcha