IQNA

Видои қуръонии ироқиҳо бо зоирони хориҷии Арбаин

10:10 - September 09, 2023
рақами хабар: 429
Неруҳои мавкиби гуруҳи Ҳайдариёни Ироқ бо эҳдои нусхаҳои Қуръони Карим ба зоирони хориҷӣ саҳнаи бошукӯҳе аз иззати китоби Худоро ба тасвир кашиданд.

Ба гузориши ИКНО ба нақл аз СобиринНиюз, аз ҷилваҳои зебои зиёрати Арбаини имсол дар Карбало видои қуръонии ироқиҳо бо зоирони хориҷӣ буд.

Зоироне аз Эрон то Африқо дар миёнаи қуръонҳои барафрошта аз сӯи неруҳои гуруҳи Ҳадариён ва бо чашмоне ашкбор бо эмоми ошиқон (Ҳусайн ибни алӣ (а)) видоъ карданд.

Ироқиҳо шаби Арбаинро соати поёнии хизматгузорӣ ба зоирон медонанд ва дар маросими шаби Арбаин бо эҳдои нусхаҳои Қуръон ба зоирон иззату иқтидори мусалмонону муқаддасоти онон ва дар раъси он Қуръони Каримро ба рух кашиданд.

Мавкиби Ҳайдариён аз бузургтарин мавкибҳои хадамотрасонӣ ба зоирон дар Карбало мебошад.

Гуруҳи Ҳайдариён бахше аз неруи низомии мардумии Ироқ аст, ки дар солҳои мубориза бо ДИИШ низ дар саҳнаҳои набард қаҳрамон буд.

4167320

captcha