Ба гузориши ИКНО ба нақл аз Ал-олам, беш аз 60 ҳазор ҷилди китоб аз 350 интишороти маҳаллӣ, арабӣ ва байналмилалӣ дар намоишгоҳи китоби Фаластин бо номи “75-соли мусибат” дар Ромуллоҳ ба намоиш гузошта шудааст.
Ин намоишгоҳ ба муддати даҳ рӯз идома хоҳад дошт ва илова бар намоиши тозатарин осори нависандагони фаластинӣ ва кишварҳои арабӣ, семинарҳову барномаҳои фарҳангии дигар низ дар он баргузор хоҳад шуд.
Ин рӯйдоди фарҳангӣ дар ҳоле фаъолияти худро оғоз кард, ки ишғолгарон ба ашколи мухталиф дар масири баргузарии он сангандозӣ карданд аз ҷумлаи иқдомоти ишғолгарон метавон ба адами эътои муҷаввиз ба теъдоде аз интишороти арабӣ ва исломӣ ва ҳамчунин муассисоти фаластинӣ дар Навори Ғазза ва соири нуқоти Каронаи Бохтарӣ ҷиҳати ҳузур дар ин намоишгоҳ ишора кард.
Отиф Абусайф, вазири фарҳанги Фаластин ба Ал-олам гуфт: “мо барои овардани беш аз 300 нафар аз хориҷ аз кишвар дархост дода будем, аммо ишғолгарон монеъ аз ҳузури бештари ин афрод аз ҷумла шуморе аз фаластиниҳои сокини Навори Ғазза шуданд, аммо китобҳо ба намоишгоҳ расида ва дар дастрас ҳастанд, ин намоишгоҳ бо талошҳои довталабона барпо шудааст.”
4167511