
Шасту нӯҳумин сураи Қуръони Карим “Ҳоққа” ном дорад. Ин сура бо 52 оят дар ҷузъи бисту нӯҳум қарор гирифтааст. “Ҳоққа”, ки аз сураҳои маккӣ маҳсуб мешавад, дар тартиби нузул, ҳафтоду ҳаштумин сурае аст, ки бар Паёмбари Ислом (с) нозил шудааст.
Дар се ояти нахусти ин сура калимаи “Ҳоққа” такрор шуда ва дар мавриди он сухан мегӯяд; Ба ҳамин далел ин сураро “Ҳоққа” меноманд. Манзур аз “Ҳоққа” рӯзи қиёмат аст. Ҳоққа ба маънои он чизе аст, ки ҳатмӣ, таъйин шуда ва воқеӣ аст. Далели такрори ин калима, бузургдошти рӯзи қиёмат ва тарсондан аз он рӯз аст.
Мавзӯъи аслии ин сура, маод ва тавсифи рӯзи қиёмат аст, ки вуқӯъи онро ҳатмӣ дониста ва дар бораи оқибати касоне, ки рӯзи қиёматро инкор мекунанд, сухан гуфтааст.
Ин сура аз се бахши асли ташкил шудааст; Бахши аввал ёдоварии достони ақвоми гузаштааст. Ақвоме монанди Од, Самуд, Лут ва низ Фиръавн, ки Паёмбаронро такзиб карданд ва ба азоби илоҳӣ гирифтор шуданд. Дар муқобил сарнавишти мардумонеро ёдоварӣ мекунад, ки ба Нӯҳ имон оварданд ва бо савор шудан ба киштӣ, наҷот ёфтанд.
Бахши дувум ба вазъияти рӯзи қиёмат ва тақсим бандии мардум дар он рӯз мепардозад. Дар ин рӯз мардум ба ду гурӯҳ рост ва чар тақсим мешаванд. Гурӯҳи рост, афроде ҳастанд, ки дар он рӯз хушҳол ва шод мешаванд, аммо гурӯҳи чар, афроде ҳастанд, ки ба воситаи рафторе, ки дар дунё доштаанд, ғамгин, афсурда ва мунтазири азоби дарднок ҳастанд.
Бахши севум ва поёнии сура бо савгандҳои бузург ва таъкиди фаровон бар исботи дурустии Қуръон ва таъйиди мақоми паёмбарии Паёмбари Ислом (с) идома пайдо мекунад. Дар ин оёт бар ин нукта низ таъкид шудааст, ки Паёмбари Ислом(с) ҳеҷ чизеро ба дурӯғ ба Худо нисбат намедиҳад; Зеро агар чунин кунад, Худо ӯро хор ва русво хоҳад кард.
Ҳамчунин бар асоси ин оёт агар касе ба дурӯғ иддаои паёмбарӣ кунад, ҳатто агар мардум натавонанд дурӯғ будани онро мутаваҷҷеҳ бишаванд, Худованд ҳатман ин фардро бо азоб ва нобудӣ русво мекунад.