
وَإِذْ قَالَ رَبُّكَ لِلْمَلَائِكَةِ إِنِّي جَاعِلٌ فِي الْأَرْضِ خَلِيفَةً قَالُوا أَتَجْعَلُ فِيهَا مَن يُفْسِدُ فِيهَا وَيَسْفِكُ الدِّمَاءَ وَنَحْنُ نُسَبِّحُ بِحَمْدِكَ وَنُقَدِّسُ لَكَ قَالَ إِنِّي أَعْلَمُ مَا لَا تَعْلَمُونَ:
Ва чун Парвардгори ту ба фариштагон гуфт: “Ман дар замин ҷонишине хоҳам гузошт”, [фариштгон] гуфтанд: “оё дар он касеро мегузорӣ, ки дар он фасод кунанд, ва хунҳо бирезанд? Ва ҳол онки мо бо ситоиши ту, [туро] танзиҳ мекунем ва ба тақдисат мепардозем.” фармуд: “Ман чизе медонам, ки шумо намедонед” (Бақара, 30).
Ояти 30 сураи Бақара ба эъломи хилофати инсон аз ҷониби Худованд бар рӯи замин ва пурсиш ва посухи малоика бо Худо дар бораи ин хилофат пардохтааст. Ин оят сароғозт оётт даҳгонае аст, ки ба баррасии ҷойгоҳи инсон дар низоми офариниш, вижагиҳо, истеъдодҳо ва қобилиятҳои ӯ, баёни ҳақиқат ва осори хилофат ва ҳубути инсон ба замин мепардозад.
Худованд дар поёни ин оят хитоб ба фариштагон фармуд: “Ман чизе медонам, ки шумо намедонед”. Аммо Худо чӣ медонист, ки фариштагон аз он бехабар буданд? Бисёре аз муфассирон ин бардошти фариштагонро ба далели вуҷуди мавҷудоти пешин дар замин донистаанд, ки дар онҷо фасод ба по карда буданд. Дар тафсири “Маҷмаъул Баён” аз ибни Аббос ва ибни Масъуд нақл мешавад, ки фариштагон медонистанд ҳазрати Одам(а) муртакиби гуноҳ намешавад, аммо чун Худо ба онҳо гуфта буд, ки бархе аз фарзандони Одам дар замин фасод ба по мекунанд, чунин саволе пурсиданд. Аллома Таботабоӣ низ иллати ин бардошти фариштагонро ба далели илми онҳо ба замини будани инсон медонад, ки таркиби аз ғазаб ва шаҳват аст.
Аммо ончи фариштагон намедонистанд, камоли ниҳоӣ инсон дар халифаи Худованд шудан аст, ки масири он аз зиндагии ҳамин дунё мегузарад: “الدنيا مَزرَعةُ الآخِرَةِ”. (Ад-Дунё Мазра ату-л Охира) Авлиёи хосси Худованд низ дорои олитарин маротиби қабл аз вуруд ба ин олам буданд ва дар ин олам низ мутаносиб бо он мартабаи олӣ, таҳаммули масоиб ва истиқомат дар роҳи Худо намуданд ва ихтиёран дар ҳамин дунё он мақомотро ҳифз карданд.
Калидвожаҳо: Қуръон чӣ мегӯяд, фариштагон, халифаи Худо, инсон