Садруддин Муҳаммад ибни Иброҳими Шерозӣ (980 – 1045 ҳ.қамарӣ) (1640 то 1571 мелодӣ) маъруф ба Мулло Садро ва садрул-мутааллиҳин, ҳаким, ориф ва аз фалосифаи шиаи эронӣ ва бунёнгузори гароише дар фалсафа бо унвони “Ҳикмати Мутаолия” буд.
Ӯ низоми фалсафии худро дар китоби “Асфори Арбаъа” (Сафарҳои чаҳоргона) баён кардааст. Мулло Садро дар улуми мухталиф тахассус ва маҳорат дошт, аммо бештар ба фалсафа мепардохт. Аз ҷумла осори ӯ метавон ба “Тафсири Қуръон” ва “Шарҳи усули Кофӣ” ишора кард.
Равиши тафсири Мулло Садро
Садрул-мутааллиҳин, бо баррасии тафосири роиҷи замони худ, чаҳор равиши тафсириро баён мекунад. Яке аз ин равишҳоро “равиши росихун дар илм” меномад, ки ҳамон равиши Анбиё ва Аиммаи маъсумини шиа дар фаҳми Қуръон аст. Ин равиши хосси касоне аст, ки Худованд ононро барои кашфи ҳақоиқ, маонии маънавӣ, румузи ирфонӣ ва нишонаҳое аз ваҳй баргузидааст.
Онҳо дар кашфи маънои хос ё нишонаи илоҳӣ, ҳаргиз латмае ба маънои зоҳирии он намезанад ва сабаби тахриби маънои ботинии он намешванд ва маънои макшуфи онон мухолифи маънои зоҳирӣ ва таҳтуллафзӣ нест.
Дар дидгоҳи садрул-мутааллиҳин, муҳиммтарин ва мутмаинтарин равиши тафсирӣ, равиши завқӣ ва шуҳудӣ аст, ки аз чароғи набувват ва вилояти нур гирифта бошад. Манзур аз равиши завқӣ ва шуҳуди он аст, ки муфассир аз тариқи покии дарунӣ ва диққат дар маонии Қуръон, дарёфтҳои орифона дошта бошад.
Ӯ улуми мукошифаӣ (ирфони)-ро арзишмандтарин ва бартарин маориф ва шинохтҳо мешуморад ва ҳамчунин онро ҳадафи ниҳоӣ ва матлуби зотӣ ва абзори саодат балки айни саодат медонад.
Вижагиҳои тафсири Садро
Садрул-мутааллиҳин, маъмулан тафсири худро бо баҳси луғавӣ аз ояти мавриди назар оғоз мекунад. Ӯ ағлаб феҳристе аз орои мухталиф ва ҳатто мутаноқизи уламои сарф ва наҳвро дар бораи як вожа ё як иборат аз Қуръон ироа медиҳад, ӯ алфози душвори Қуръонро мавриди баҳс қарор медиҳад ва бар асоси биниш ва таҷрибаи ирфонии худ, тафсирашро ироа медиҳад.
Садрул-мутааллиҳин, Қуръонро бо Қуръон тафсир мекунад. Дигар онки ӯ тафосири дигарон; Аамми аз мутакаллимон, фалосифа ва муфассиронро низ, хоҳ бо онон мувофиқ бошад ё аз онон интиқоде дошта бошад, дар канори тафсири худ баён мекунад.
Дар тафсири Садрул-мутааллиҳин, ончи бештар таваҷҷуҳи хонандаро ба худ ҷалб мекунад, диққати назари фалсафаи ӯ дар Қуръон ва ин баёни ӯст, ки мегӯяд маънои ин оят ё он ояти Қуръон аз тариқи илҳомоти рубубӣ ва аз ҷониби арши илоҳӣ бар ман макшуф ва мушаххас шудааст.
Тафосири Мулло Садро ба тартиби сураҳои Қуръон, танзим ва дар як ҷилд, ба кӯшиши Шайх Аҳмади Шерозӣ ба номи “Тафсири Мулло Садро” чоп шудааст. Ин рисолаҳо ҳамчунин дар ҳафт ҷилд ба номи “Тафсирул Кабир” ва “Тафсирул-Қуръонил-Карим” ба чоп расидааст.