Ба гузориши ин манбаъ, радиои Шветсия дар гузорише тасреҳ кардааст: Селван Момика, паноҳҷӯи ироқӣ ва омили беҳурматӣ ба Қуръон дар Шветсия, аз тамоми дархостҳои худ барои сӯзондани дубораи Қуръон дар ҳафтаҳои оянда, инсироф додааст. Теъдоде ин дархостҳо болиғ бар 12 маврид будааст.
Чанде пеш шабакаи Тик-Так, эълом кард, ки ҳисоби корбарии Селван Момикаро масдуд кардааст. Вай аз тариқи ин ҳисоб, сӯзондани Қуръонро ба сурати зинда пахш мекард, гуфта мешавад вай аз ҳар пахши зиндаи иқдоми худ даромади болиғ бар 300 доллар доштааст. Селван Момика, пас аз баста шудани ҳисоби худ ба думболи эҷоди як ҳисоби корбарии ҷадид бо ном мустаоре низ будааст.
Далели инсирофи вай аз ин тасмим ҳанӯз равшан нест, бархе онро бо афзоиши таҳдидҳо алайҳи ӯ муртабит донистаанд ва бархе дигар оғози таҳқиқоти полиси Шветсия аз Момикаро омили ин инсироф медонанд.
Полиси Шветсия чанде пеш видеое аз таҳқиқи амниятӣ аз Момикаро ба забони арабӣ мунташир сохт. Таҳқиқот нишон медиҳад Момика вақте таҳти унвони паноҳҷӯи сиёсӣ дар Шветсия иқомат дошта, эҳтимолан ба Ироқ бозгашта ва дар ҳамлаи мӯътаризон ба парлумони ин кишвар ширкат кардааст. Аз сӯе бархе дигар мӯътақиданд, Момика ба далели аз даст додани ҳисоби корбарии худ дар Тик-Так ва нотавонӣ аз касби даромад ба далели пахши зиндаи қуръонсӯзӣ, дархостҳои худ барои такрори ин иқдомро пас гирифтааст.
Шабакаи иҷтимоӣ Тик-Так, аз сӯи бисёре аз расонаҳо ва коршиносони шветсияӣ ба далели сӯиистифода аз буҳрони қуръонсӯзӣ барои ҷазби корбар ва даромадзоӣ ба шиддат мавриди интиқод қарор гирифтааст.
Олаф Кристерсон, нахуствазири Шветсия дар суханоне тасреҳ кард: ман ба зудӣ бо раҳбарони ҷаҳони Ислом дидор хоҳам кард ва мухолифати худ бо тавҳин ба Қуръонро барои онҳо ташреҳ хоҳам кард.