
Ба гузориши Икно, ин мусобиқа аз шаби чоршанбе, ҳамзамон бо нахустин шаби моҳи мубораки Рамазон оғоз ба кор кард ва ҳар шаби Рамазон соати 9:30 аз ин шабака пахш мешавад.
Такрори ин барнома низ рӯзи баъдӣ соати 9:00 саҳар ба вақти Макка пахш хоҳад шуд.
Аҳмад Наҷаф, ровӣ ва сардабири «Раттил» изҳор дошт: ҳар ҳашт рӯз ҳайати доварони мусобиқа тағйир дода мешавад, то имкони бештари ҳузури устодон ва коршиносони кишварҳои гуногун дар ин рақобат фароҳам гардад ва аз таҷрибаҳои гуногун истифода шавад.
Шайх Мунир Ақла — довари савт аз Сурия, Аҳмад Абдулҳаким — довари вақф ва ибтидо аз Миср, Ҷаъфар Ал-Алавӣ — довари таҷвид аз Ироқ ва Аббос Анҷом — довари лаҳн аз Эрон, аъзои ҳайати доварони ҳашт рӯзи аввали мусобиқа мебошанд.
Ҳамзамон, мудирияти шабакаи «Сақалайн» аз идомаи номнависӣ дар марҳилаи муқаддамотии ин мусобиқа тавассути ирсоли порчаи савтии тиловат (мурраттал) аз яке аз саҳифаҳои 60, 88, 125, 206 ва 549 хабар дод. Ҳавасмандон метавонанд порчаи савтии тиловати худро ба рақами «009899999914320» дар WhatsApp ирсол намоянд.
4335747