
Ба гузориши Икно, ба нақл аз пойгоҳи иттилоърасонии Дафтари ҳифз ва нашри осори Ҳазрати Оятуллоҳулузмо Хоманаӣ, матни нави паёми аввалини Ҳазрати Оятуллоҳ Сайид Муҷтабо Ҳусейнӣ Хоманаӣ Раҳбари Муаззами Инқилоби Исломӣ чунин аст:
Ба номи Худои Бахшояндаву Меҳрубон
مَا نَنسَخْ مِنْ ءَآیَةٍ أَوْ نُنسِهَا نَأتِ بِخَیْرٍ مِّنْهَآ اَوْ مِثْلِها.
«Ҳар оятеро, ки мо бекор гардонем ё фаромӯшонем, беҳтар ё монанди он меорӣ (Сураи Бақара, ояти 106).»
اَلسَّلامُعَلَیکَ یا داعِیَاللهِ وَ رَبّانِیَّ آیاتِهِ، اَلسَّلامُعَلَیکَ یا بابَاللهِ وَ دَیّانَ دینِهِ، اَلسَّلامُعَلیکَ یا خَلیفَةَاللهِ و ناصِرَ حَقِّهِ، اَلسَّلامُعَلیکَ یا حُجَّةَاللهِ وَ دَلیلَ اِرادَتِه؛ اَلسَّلامُعَلیکَ اَیُّهَا المُقَدَّمُ المَأمُول؛ اَلسَّلامُعَلیکَ بِجَوامِعِ السَّلام؛ اَلسّلامُعَلیکَ یا مَولایَ صاحِبَ الزَّمان.
Салом бар ту, эй даъваткунандаи мардум ба Худо ва сухангӯи оятҳои Ӯ!
Салом бар ту, эй дарвоза ба роҳи Худо ва ҳокими дини Ӯ!
Салом бар ту, эй халифаи Худо ва ёвари ҳаққи Ӯ!
Салом бар ту, эй ҳуҷҷати Худо ва раҳнамои иродаи Ӯ!
Салом бар ту, эй пешвои умедбахш!
Салом бар ту бо ҳама саломҳо!
Салом бар ту, эй соҳиби замон!
Дар оғози сухан, лозим медонам ба сарварам ҳазрати валӣ-аср (аҷҷала-ллоҳу таоло фараҷаҳу-ш-шариф) ба муносибати шаҳодати раҳбари бузурги инқилоб, ҳазрати Хоманаии азиз ва ҳакиму хирадманд, таъзият арз намоям; ва аз он ҳазрат дуои хайре барои ҳар яки миллати бузурги Эрон, балки тамоми мусалмонони ҷаҳон, хизматгузорони Ислом ва Инқилоб, ҷонфидоён ва бозмондагони шаҳидони наҳзати Исломӣ хусусан дар ҷанги ахир ва ҳамчунин барои ин банда ва ҳақири нокас талаб мекунам.
Қисмати дуюми суханам бо миллати бузурги Эрон аст. Дар оғоз бояд мавқеи худро нисбат ба раъйи Маҷлиси мӯҳтарами хубрагон кӯтоҳ тавзеҳ диҳам.
Ин хизматгузори шумо, Сайид Муҷтабо Ҳусейнӣ Хоманаӣ, ҳамзамон бо шумо тавассути симои Ҷумҳурии Исломӣ аз натиҷаи раъйи Маҷлиси хубрагон огоҳ шудам. Барои ман нишастан бар ҷое, ки маҳалли ҷулуси ду пешвои азим Хумайнии кабир ва Хоманаии шаҳид будааст, кори бисёр сангин аст. Зеро ин курсӣ ҷойи касест, ки пас аз беш аз 60 соли мубориза дар роҳи Худо ва гузаштан аз лаззатҳои зиндагӣ, ба гавҳари дурахшон ва чеҳраи намоёне на танҳо дар замони худ, балки дар тамомии таърихи ин кишвари мазлум табдил ёфта буд. Ҳам зиндагӣ ва ҳам шаҳодати ӯ бо шаҳомат ва иззате, ки аз иттико ба Ҳақ сарчашма мегирифт, пайванд дошт.
Ман ин ифтихорро доштам, ки баъд аз шаҳодат пайкари он ҳазратро зиёрат кардам он чӣ дидам, кӯҳи устуворӣ буд; шунидам, ки дасти солими худро дар ҳам фишурда буд.
Дар бораи ҷанбаҳои гуногуни шахсияти ӯ, аҳли иттилоъ бояд муддатҳо сухан гӯянд. Ин ҷо танҳо ба ҳамин ишора иктифо менамоям ва ҷузъиёташро ба фурсатҳои муносиб вогузорам. Ин аст сабаби сахтии нишастан бар курсӣ пас аз чунин шахсе ва пур кардани ин фосила танҳо бо ёрии Худои Таоло ва пуштибонии шумо мардум мумкин аст.
Сипас, зарур медонам нуктаи муҳиммеро ёдовар шавам, ки ба асли суханам иртиботи мустақим дорад.
Он ин аст, ки яке аз бузургтарин ҳунарҳои раҳбари шаҳид ва пешвои бузурги ӯ (Имоми Хумайнӣ), ҳамроҳ сохтани мардум дар ҳамаи саҳнаҳо, огоҳӣ бахшидан ба онҳо ва такя бар нерӯи халқ буд. Онҳо мафҳуми воқеии “ҷумҳур” ва “ҷумҳурият”-ро амалӣ карда, аз самими дил ба он имон доштанд.
Нишонаи равшани ин ҳақиқат дар рӯзҳое дида шуд, ки кишвар бе раҳбар ва бе фармондеҳи кул буд. Басирати миллати бузурги Эрон дар ин воқеаи ахир, пойдорӣ, шуҷоат ва ҳузураш дӯстро ба таҳсин ва душманро ба шигифтӣ водошт.
Ин шумо мардум будед, ки кишварро раҳбарӣ ва иқтидори онро таъмин кардед.
Ояте, ки дар оғоз овардам, ба ҳамин маъност: ҳеҷ ояте аз оятҳои Худо нест, ки агар муҳлати он бирасад ё фаромӯш шавад, Худованди Азим монанди он ё беҳтари онро ҷойгузин намекунад.
Қуръонро ба ихтиёри худ овардам, на ба ин маъно ки банда дар сатҳи раҳбари шаҳид бошам то чӣ расад ба он ки худро болотар аз он фарз кунам; балки ҳадафи зикри ин ояти муборак таъкид ба нақши бузург ва шоистаи шумо миллати азиз мебошад.
Агар он неъмати азим аз мо гирифта шуд, ба ҷояш бори дигар ҳузури Аммормонанди миллати Эрон ба ин низом ато гардид.
Бидонед, ки агар қудрати шумо дар саҳна зуҳур накунад, на роҳбарӣ ва на ҳеҷ як аз дастгоҳҳои гуногун, ки шаъни ҳақиқии онҳо хидмат ба мардум аст, тавоноии воқеиро нахоҳанд дошт.
Барои он ки ин маънӣ ба шакли беҳтарин амалӣ гардад:
Аввал, бояд ба ёди Худованди Таборак ва Таоло буд, ба Ӯ таваккул кард ва ба анвори поки маъсумин (с) тавассул ҷуст, ки кафолати кушодагиҳо ва пирӯзии қатъӣ бар душман аст.
Ин бартарии азиме аст, ки шумо онро доред ва душманонатон аз он маҳруманд.
Дуввум, бояд байни афрод ва табақаҳои миллат, ки одатан дар даврони тангноҳо (вазъияти мушкил) аз худ нишон медиҳанд, иттиҳоди комил ҳифз шавад. Ин бо чашмпӯшӣ аз нуқтаҳои ихтилоф ба даст меояд.
Севум, бояд ҳузури муассир дар саҳна нигаҳ дошта шавад чӣ ба он муносибате, ки дар рӯзҳо ва шабҳои ҷанг нишон додед, ва чӣ ба шаклҳои гуногуни нақшофаринии муассир дар арсаҳои иҷтимоӣ, сиёсӣ, тарбиявӣ, фарҳангӣ ва ҳатто амниятӣ.
Муҳим он аст, ки нақши дуруст, бидуни халал ба ваҳдати иҷтимоӣ, дуруст дарк ва то ҳадди мумкин амалӣ гардад.
Яке аз вазифаҳои роҳбарӣ ва бархе масъулин ёдовар кардани ҳамин нақшҳо ба афрод ва табақаҳои ҷомеа аст.
Аз ин рӯ, аҳамияти ҳузур дар маросими Рӯзи Қудс 1447-ро ёдовар мешавам, ки бояд унсури шикаст додани душман дар он мавриди таваҷҷӯҳ бошад.
Чаҳорум, аз кӯмак ва ёрӣ ба якдигар даст накашед. Ба ҳамди Худо, ин хислати ҳамешагии аксари эрониён аст. Умед меравад, ки дар ин рӯзҳои махсус, ки бархе аз афрод табиатан фишори бештар доранд, ин амр бештар намоён бошад.
Дар ҳамин маврид аз дастгоҳҳои хизматрасонӣ мехоҳам, ки дар ин самт аз ҳеҷ гуна кӯмак ва ёрӣ ба афроди азизи миллат ва сохторҳои мардумии ёрдиҳванда дареғ наварзанд.
Агар ин масоил риоят шавад, роҳи расидани шумо миллати азиз ба рӯзҳои бузург ва пуршукуҳ ҳамвор хоҳад гашт. Наздиктарин намунаи он ба иҷозати Худо пирӯзӣ бар душман дар ҷанги феълӣ хоҳад буд.
Дар шароите ки миллати мо ва ватани азизамон ба таври мазлумона мавриди ҳамлаи сарони ҷабҳаи истикбор қарор гирифтааст, ҷангҷӯёни шуҷо бо зарбаҳои кӯбанда роҳи душманро бастаанд ва ӯро аз хаёли тасаллут ба ин сарзамини азиз ва эҳтимоли ҷудосозии он берун овардаанд.
Бародарони азизи ҷангҷӯ! Талаби мардум, идомаи дифои муассир ва пандомӯз аст. Ҳамчунин, бояд ҳамоно аз абзори бастани Тангаи Ҳурмуз истифода шавад. Дар мавриди кушодани ҷабҳаҳои дигар, ки душман дар он таҷрибаи кам дорад ва сахт осебпазир аст, таҳқиқҳо анҷом ёфтааст ва фаъолсозии онҳо дар сурати идомаи вазъияти ҷангӣ ва бар асоси маслиҳатҳои умумӣ амалӣ хоҳад шуд.
Ҳамчунин, аз муборизони ҷабҳаи муқовамат ташаккури самимӣ дорам. Мо кишварҳои ин ҷабҳаро беҳтарин дӯстони худ медонем ва амри муқовимат ҷузъи ҷудоношавандаи арзишҳои Инқилоби Исломист.
Бидуни шак, ҳамроҳии унсурҳои ин ҷабҳа бо якдигар роҳи наҷот аз фитнаи саҳҳюнистиро кӯтоҳтар мекунад; ҳамон тавре ки дидем Ямани шуҷо ва муъмин аз дифоъ аз мардумони мазлум дар Ғазза даст накашид, Ҳизбуллоҳи фидокор бо ҳамаи монеаҳо ба ёрии Ҷумҳурии исломӣ омад ва муқовамати Ироқ низ далерона ҳамин хатро идома медиҳад.
Сухани ман дар ин бахш бо онҳост, ки дар ин чанд рӯз ба навъе осеб дидаанд:
Аввал, ҳам онҳое, ки азизеро ё азизонеро аз даст додаанд; ҳам онҳое, ки ҷароҳат бардоштаанд; ва ҳам касоне, ки хона, манзил ё ҷойи кору тиҷорати онҳо зарар дидааст.
Дар ин ҷиҳат, пеш аз ҳама, ҳамдардии амиқи худро бо бозмондагони шаҳидони воломақом эълом мекунам. Ин эҳсос бар асоси таҷрибаи муштаракест, ки ман бо ин бузургворон дорам.
Ғайр аз падари бузургворам, ки мусибати фиқдони он ҳазрат ба масъалае умумӣ табдил шуд инчунин ҳамсари азизу вафодорамро, ки умеди бисёре ба ӯ доштам; хоҳари фидокорам, ки худро ба хидмати волидайнаш бахшида буд ва оқибат музди худро гирифт; кӯдаки хурдсолашро; ва шавҳари хоҳари дигарро, ки инсони донишманду поксиришт буд, ҳамаи инҳоро ба корвони шаҳидон супоридам.
Аммо он чӣ сабри бар мусибатро имконпазир ва ҳатто осон месозад, таваҷҷӯҳ ба ваъдаи қатъии Худованд барои аҷру подоши олӣ ба сабурони ҳақиқӣ аст.
Аз ин рӯ бояд сабр кард ва ба лутфу кӯмаки Худои Азим умед ва эътимод дошт.
Дуввум, ин итминонро ба ҳамаи мардум медиҳам, ки мо аз интиқоми хуни шаҳидони шумо чашмпӯшӣ нахоҳем кард. Ин интиқом танҳо ба шаҳодати раҳбари бузурги инқилоб маҳдуд намешавад балки ҳар узви миллат, ки аз ҷониби душман шаҳид гардад, худ мавзӯи мустақили парвандаи интиқом хоҳад буд.
Бешак, қисме аз ин интиқом то имрӯз ба таври амалӣ сурат гирифтааст, аммо то замоне ки пурра ба натиҷа нарасад, ин парванда бар рӯи ҳамаи парвандаҳои дигар боз хоҳад монд.
Ба хусус, нисбат ба хуни кӯдакон ва тифлон ҳассосияти бештар дорем. Аз ҳамин рӯ, ҷинояте ки душман ба таври амдона дар мавриди мактаби “Шаҷараи Тайиба”-и Миноб ва баъзе мавридҳои монанд анҷом додааст, аз мақоми махсус дар ҷараёни расидагӣ бархӯрдор хоҳад буд.
Севвум, маҷрӯҳони ин ҳамлаҳо ҷонбозон бояд хизматрасониҳои тиббии муносибро бепул дарёфт кунанд ва аз хидматҳо ва имтиёзҳои дигар низ баҳра баранд.
Чаҳорум, то он ҳадде ки вазъияти кунунӣ имкон диҳад, бояд барои ҷуброни хисоротҳои молӣ ва зарари расида ба ҷойҳо ва амволи шахсӣ чораҳои кофӣ ва равшан таъин ва ба иҷро гузошта шаванд.
Ин ду маврид вазифа ва амри ҳатмии масъулин аст, ки бояд онро амалӣ намуда ва гузоришашро ба ман ироа созанд.
Нуктаи дигаре, ки бояд ёдовар шавам, ин аст:
Ба ҳар сурат, мо аз душман ғаромат хоҳем гирифт; ва агар ӯ сарпечӣ кунад, ба андозае ки манзур дорем аз амволи ӯ хоҳем гирифт, ва агар он низ мумкин набошад, ба ҳамон андоза аз амволи ӯро нобуд хоҳем кард.
Мо бо 15 кишвари ҳамсоя, хокӣ ва баҳрӣ, робита дорем ва ҳамеша майл ба муносибати гарм ва созанда бо ҳамаи онҳо доштаем ва дорем.
Аммо душман аз солҳои пеш тадриҷан пойгоҳҳои низомӣ ва молӣ дар баъзе аз ин кишварҳо бунёд кардааст, то нуфуз ва тасаллуташро бар минтақа таъмин кунад.
Дар ҳамлаи ахир, баъзе аз ин пойгоҳҳои низомӣ истифода шуданд ва табиист, ки мо мувофиқи огоҳии возеҳе, ки қаблан дода будем бидуни дастдарозӣ ба худи он кишварҳо, танҳо ҳамон пойгоҳҳоро мавриди ҳамла қарор додем.
Аз ин пас низ, ночор ин амалро идома хоҳем дод; гарчи ҳамоно мӯътақид ба зарурати дӯстӣ бо ҳамсоягон ҳастем.
Ин кишварҳо бояд мавқеи худро нисбат ба мутаҷовизони ватани азизи мо ва қотилони мардумони мо равшан созанд.
Ман тавсия мекунам, ки ҳарчи зудтар он пойгоҳҳоро банданд, зеро албатта то имрӯз дарёфтаанд, ки даъвои таъмини амният ва сулҳ аз ҷониби Амрико ҷуз як дурӯғ нест.
Агар чунин кунанд, бо миллатҳои худ, ки умуман аз ҳамроҳӣ бо ҷабҳаи куфр ва рафтори таҳқиромези он норозиянд, робитаи бештар пайдо мекунанд ва бар сарвату қудрати худ меафзоянд.
Боз таъкид мекунам, ки низоми Ҷумҳурии Исломӣ бидуни ҳеҷ гуна нияте ба султа ё истеъмор, омодагии комил барои иттиҳод ва муносибати гарм, самимӣ ва баробар бо ҳамаи ҳамсоягонашро дорад.
Эй раҳбари шаҳид! Бо рафтани худ дарди сангине бар дилҳои ҳамаи мардум ворид кардед.
Шумо ҳамеша ошиқи чунин поён будед ва ниҳоят Худованд он амалро дар субҳи рӯзи даҳуми Рамазони муборак, ҳангоми тиловати Қуръони Карим, ба шумо ато фармуд.
Мазлумиятҳои зиёдро бо қудрат ва ҳилм таҳаммул кардед ва ҳаргиз аз худ беоромӣ нишон надодед.
Бисёре аз мардум арзиши ҳақиқии шуморо нашинохтанд, ва шояд муддати зиёд бигзарад то пардаҳо бардошта шаванд ва ҷанбаҳои аслии шахсияти шумо равшан гардад.
Умедворем, ки дар мавқеи наздикии илоҳӣ, дар миёни анвори поки маъсумин, сиддиқон, шаҳидон ва авлиё, боз ҳам ба фикри пешрафти ин миллат ва ҳамаи миллатҳои ҷабҳаи муқовамат бошед ва барои онҳо шафоат намоед ҳамон тавре ки дар зиндагии дунёи худ чунин будед.
Мо бо шумо аҳд мебандем, ки барои баланд нигоҳ доштани ин парчам, ки парчами аслии ҷабҳаи ҳақ аст, ва барои расидан ба мақсадҳои муқаддаси шумо, бо ҳар чӣ дорем талош мекунем.
Аз ҳамаи бузургворон, ки маро мавриди пуштибонӣ ва дастгирӣ қарор додаанд аз ҷумла мароҷи ъизом, шахсиятҳои фарҳангӣ, сиёсӣ, иҷтимоӣ ва аз оммаи мардум, ки дар ҷамъомадҳои пуршукӯҳ барои изҳори байъати дубора бо низом ҳозир шудаанд ва ҳамчунин аз масъулини се қувва ва Шӯрои муваққати роҳбарӣ барои тадбирҳои нек ва чораҳои муфид ташаккур мебарам.
Умедворам, ки лутфҳои махсуси илоҳӣ дар ин соатҳо ва рӯзҳои пурфайз, шомили ҳоли тамоми миллати Эрон ва балки ҳамаи мусалмонон ва мазлумони ҷаҳон гардад.
Дар поён, аз ҳазрати валии аср (аҷҷала-ллоҳу фараҷаҳ) илтимос мекунам, ки дар ин боқимонда аз шабҳои пурбаракати Қадр ва моҳи Рамазони Муборак, аз даргоҳи Худои Азим дуо талаб намоянд:
барои ғалабаи қатъии миллати мо бар душман, инчунин барои иззат, фарохӣ, тандурустӣ, ва барои рафтагон мақом ва осоиши охират.
Вассалому алайкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу ва таҳийятуҳу
Сайид Муҷтабо Ҳусейнӣ Хоманаӣ
21\исфанд\1404
22\рамазон\1447
12\март\2026
4340266