Ҳафтоду якумин сураи Қуръони Карим “Нуҳ” ном дорад. Ин сура бо 28 оят дар ҷузъи бисту нӯҳуми Қуръони Карим ҷой гирифтааст. Сураи Нуҳ, ки макӣ аст, дар тартиби нузул, ҳафтоду якумин сурае аст, ки бар Паёмбари Ислом (с) нозил шудааст.
Ҳазрати Нуҳ (а) яке аз паёмбарони хосси илоҳӣ аст ва иллати номгузории ин сура ба номи ин паёмбари илоҳӣ ба далели пардохтан ба достони вай будааст. Ин сура тасвире аз муборизаи доимии тарафдорони ҳақ ва ботил ва барномаҳое аст, ки тарафдорони ҳақ бояд дар масири худ онҳоро иҷро кунанд.
Достони ҳазрати Нуҳ ва саргузашти қавми ӯ дар сураҳои мухталифе аз Қуръон ишора шуда; Вале ончи дар сураи Нуҳ (а) омада қисмати хоссе аз зиндагии ӯст, ки дар ҷойи дигаре ба ин сурат наомадааст. Дар ин сура ба даъвати мустамар ва мудовими ҳазрати Нуҳ ба сӯи тавҳид ва чигунагии ин даъват ва рафтори ҳазрати Нуҳ (а) бо қавми лаҷбози худ, ки ҳозир ба имоновардан набуданд, пардохта шудааст.
Достони ҳазрати Нуҳ алайҳиссалом бо қавмаш ба унвони таҷрибае аз таҷориби даъвати илоҳӣ дар замин ва мавзеъгириҳои мухолифон ва даргирии ҳақ ва ботил дар ин сура баён шудааст; Ба ҳамин муносибат, барои он номи “Нуҳ”-ро баргузидаанд.
Ояти севуми сураи Нуҳ أَنِ اعْبُدُوا اللَّـهَ وَاتَّقُوهُ وَأَطِيعُونِ: “Худоро бипарастед ва аз Ӯ парво доред ва маро фармон баред”-ро дар бардорндаи усули сегонаи даъвати ҳазрати Нуҳ (а) донистаанд. Бахши аввали оят “أَنِ اعْبُدُوا اللَّـهَ”-ро нишондиҳандаи шинохти қавми Нуҳ нисбат ба Худо медонад; Вале онҳо ба ҷои парастиши Худо, бутҳоро ибодат мекарданд; Ба ҳамин далел асли аввали даъвати Нуҳро даъват ба тавҳид дар ибодат муаррифӣ мекунад. Дувумин асл барграфта аз иборати “وَاتَّقُوهُ” ба маънои дӯрӣ аз гуноҳон ва дар муқобили он анҷоми корҳои хуб ва писандидааст. Асли севуми “وَأَطِيعُونِ” аст, ки онро итоат аз Нуҳ, таъйиди мақоми паёмбарии ӯ ва дарёфти омӯзаҳои динӣ аз ӯ донистаанд.
Дар ин сура насиҳатҳо ва тавсияҳои ҳазрати Нуҳ, таъкид бар тақвои илоҳӣ ва итоат аз Худо ва Паёмбараш, шумориши неъматҳои Худо ва осор ва нишонаҳои тавҳид, баёни усули эътиқодӣ, фиқҳӣ, ахлоқӣ ва иҷтимоӣ ва ҳамчунин дуоҳои омӯзндаи ҳазрати Нуҳ ва шеваи дуо кардан баён шудааст.