
Ба гузориши икно, нерӯи баҳрии Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ субҳи имрӯз дар се марҳилаи ҳамла, бо рамзи «Ё Расулаллоҳ (с)» ҳамзамон пойгоҳҳои террористҳои амрикоиро дар минтақа мавриди ҳадафи оташи густурдаи мушакӣ ва бесарнишинҳо қарор дод.
Дар ин амалиёти муваффақ, воҳидҳои мушакиву бесарнишини Эрон радарҳои системаи “Patriot”, манораҳои назоратӣ ва анборҳои дифоъи ҳавоии пойгоҳи «Аз-Зафра»‑ро бо мушакҳои дақиқзан ва бесарнишинҳои инҳидомӣ мавриди зарбаи сахт қарор доданд.
Пойгоҳи «Шайх Исо» низ бо навъҳои гуногуни мушак ва бесарнишин мавриди ҳамла қарор гирифта, радарҳои огоҳӣ, лонаҳои ҳавопаймоҳо, майдони марказии фуруд ва захирагоҳҳои сӯзишвории ҳавопаймоҳои амрикоӣ нобуд ва дар оташ сӯхтанд.
Пойгоҳи чархболии «Ал-Адирӣ» низ ба ҳамлаҳои сахти мушакиву бесарнишин дучор шуд. Анборҳои таҷҳизоти ин пойгоҳ ва ҷойҳои ҷамъшавии нерӯҳои террористӣ нобуд карда шуданд.
Инчунин, тангаи Ҳурмуз таҳти назорати комил ва ҳушманди нерӯи баҳрии Сипоҳ қарор дорад. Гузариши танкершипҳо ва киштиҳои тиҷоратии тааллуқдошта ба таҷовузгарон ва ҳампаймонҳои онҳо аз ин роҳи обӣ ҳамоно мамнӯъ мебошад, ва дар сурати ҳаракат ё интиқол мавриди зарба қарор хоҳанд гирифт.
4340720