IQNA

Намоишгоҳи осори исломии Қуръони эронӣ дар Санкт-Петербург

13:34 - September 13, 2023
рақами хабар: 452
Русия (ИКНА) ба ҳиммати ройзании фарҳангии Эрон дар Русия, намоишгоҳи осори исломии Қуръонии "Эрони имрӯз", 11 сентиябр бо таъкид бар оёти каломуллоҳи Маҷид дар музаи таърихи адёни Санкт-Петербург барпо мешавад. 

Ба гузориши равобити умумии созмони фарҳанг ва иртибототи исломӣ, намоишгоҳи ҳунарҳои исломии Эрони имрӯз, 11 сентиябр бо таъкид бар оёти каломуллоҳи Маҷид ба ҳиммати ройзании фарҳангии Ҷумҳурии Исломии Эрон ва бо ҳамкории вазорати фарҳанги Русия дар музаи таърихи адёни Санкт-Петербург барпо мешавад ва то (21 ноябр) доир аст.

Дар ин намоишгоҳ, 125 асари ҳунарие, ки бо ишора ба мавзӯъоти динӣ ба вижа оёти Қуръони Карим халқ шудаанд ба намоиш дар хоҳад омад. Яке аз осори Қуръонии арзишманди ин намоишгоҳ фраши қуръонӣ аст, ки тавассути ҳунармандони донишгоҳи ҳунари Исломии Табрез бофта шудааст.

Музаи давлатии таърихи адён дар системи академияи улуми иттиҳоди ҷамоҳири Шӯравӣ, фаъолияти расмии худро аз 1932 оғоз кард. Ин муза шомили беш аз 200 ҳазор асари намоишгоҳӣ аст, ки қадимитарини онҳо ба ҳазораи шашуми қабл аз мелод дар Миср бозмегардад.

Дар ин муза метавон биноҳои таърихӣ ва фарҳангии кишварҳо ва аъсори мухталиф аз Мисри бостон ва қуруни вустои аврупоӣ то даврони модернро мушоҳида кард. Дар миёни бахшҳои мухталифи муза низ шавоҳиде вуҷуд доранд, ки аз эътиқодоти асри бостонӣ ва суннатӣ, адёни ҷаҳони бостон аз ширки ба Худо то яҳудият, зуҳури масеҳият, таърихи ортодокси русӣ, католик, протестант то адён ва оинҳои марбут ба шарқ ҳикоят мекунанд. 

Музаи таърихи адён танҳо муза дар кишвар ва яке аз маъдуд муассисоти фарҳангӣ дар ҷаҳон аст, ки ба тафсил дар бораи хостагоҳ, тавсеа ва вижагиҳои адён, пажӯҳишҳои мухталифе анҷом дода ва натоиҷи онро барои боздид гузоштааст.

Номи Эрон зайли бархе осори чун тоблуи ҷаҳаннам, мавъизаи Паёмбар(с) дар Каъба ва Меъроҷ дарҷ шудааст.

https://iqna.ir/fa/news/4168289

captcha