Ҳафтоду дувумин сураи Қуръони Карим “Ҷин” ном дорад. Ин сура бо 28 оят дар ҷузъи бисту нӯҳуми Қуръони Карим ҷой гирифтааст. Ин сура, ки макӣ аст, дар тартиби нузул, чиҳилумин сурае аст, ки бар Паёмбари Ислом (с) нозил шудааст.
Номгузории ин сура ба номи “Ҷин” ба далели вуҷуди вожаи Ҷин дар нахустин оят ва вуҷуди матолибе дар бораи Ҷин, дар ин сура аст. Ин сура ба достони чанд нафар аз Ҷинҳо ишора мекунад, ки садои хондани Қуръонро шуниданд ва Ислом ва усули дин имон оварданд.
Сураи Ҷин баъзе аз эътиқодот ва назароти сохтагии мардум дар мавриди Ҷинро матраҳ карда ва ба онҳо посух медиҳад. Ин сура Ҷинро мавҷуди асроромез донистаанд, ки монанди инсон дорои шуур, ихтиёр ва таклиф аст ва ба далели табиат ва шароите, ки дорад, инсон тавони диднашро надорад ва дар шароити одӣ, қобил идарки ҳисӣ нест. Бинобар бархе оёт ва ривояот, Ҷин, офарида шуда аз оташ ва ё таркиб шуда аз оташ аст ва ҳадаф аз хилқати ӯ монанди инсон, ибодат ва бандагии Худо аст. Ба корҳои дунёӣ ӯ дар охират расидагӣ мешавад ва мумкин аст мӯъмин ё мушрик бошад.
Мавзӯъи аслии сураи “Ҷин”, тавҳид ва рбубияти инҳисории Худо ва убудийяти холисона ва нафйи ибодати ғайри Худост.
Дар ин сура ба вуҷуди ду гурӯҳи мӯъмин ва кофир дар тоифаи Ҷин ишора мешавад, ки монанди инсонҳо бархе дурусткор ва бархе бадкор ҳастанд. Бар ин нукта низ таъкид шуда, ки даъвати Паёмбари Ислом(с) барои инсонҳо ва ҷинҳо умумият дорад.
Дар ин сура омадааст, ки ҷинниён ба маҳзи шунидани оёти Қуръон ба ду сифати «арабӣ будан» ва «ҳидоятгарӣ» пайбурданд ва таҳти таъсири он қарор гирифтанд ва ба он имон оварданд, аммо вақте ҳамин мушрикон ҳамин оётро мешуниданд Худоро такзиб мекарданд ва Паёмбарро девона ва шоир мехонданд.
Ин сура дар идома ба баёни шеваи Худованд дар озмудани мардум дар баробари неъматҳои Худо ва таъкид бар шукргузорӣ ва ибодати холисона дар баробари Худо ва радди ҳаргуна нафъ ва зарар аз суи ғайри Худо, ва сарзаниши мушрикон ба далели мағрур шудан мепардозад.
Дар поёни ин сура ба илми пинҳонии Худованд ва қарордодани он дар ихтиёри ҳар касе, ки бихоҳад ва ҳамчунин тасаллути Худованд бар ҳама чиз ишора мекунад.
Бар асоси ин оёт илм махсуси Худованд аст ва Худованд илми пинҳониро дар зоти худаш медонад; Дар ин сурат ғайри Худованд бо омӯзишҳои илоҳӣ ба илми пинҳонӣ даст пайдо мекунад.