
Ба гузориши икно, рӯзномаи New York Times бо ишора ба суханони носамт ва гоҳе бемаъниву пайвастагӣ надошта ва рафторҳои номутобиқи президенти Амрико аз ҷумла таҳдид ба нобуд кардани тамаддуни Эрон дар як шаб ва ҳамлаҳои лафзӣ ба Поп навиштааст: ҳатто бархе аз муттаҳидон ва мушовирони собиқи ӯ ин суолро матраҳ мекунанд, ки оё вай ҳарчи бештар номӯътадил нашудааст? Бархе ҳатто ӯро «девона» тавсиф мекунанд.
Рафторҳои бесобит ва изҳороти ифротии президент Трамп дар рӯзҳо ва ҳафтаҳои охир баҳсҳо дар бораи девона будани ӯро, ки як даҳсола аст дар саҳнаи сиёсии кишвар матраҳ мешавад шиддат бахшидааст.
Ба навиштаи ин расонаи амрикоӣ, маҷмӯае аз суханони пароканда, номафҳум ва баъзан ноҳамвор, ки бо ҳамла ба Поп Леои XIV дар рӯзҳои ахир пурра шуд, бисёриҳоро ба ин гумон овардааст, ки ӯ як ҳокими девона ва шайдои қудрат аст.
Гарчанде Кохи Сафед ин арзёбиҳоро рад карда ва иддао дорад, ки Трамп «тезбин» аст ва рақибонашро дар ҳолати омодабош нигоҳ медорад, вале саркашиҳо ва туғёни рафтории президент саволҳоро дар бораи роҳбарии Амрико дар замони ҷанг ба вуҷуд овардааст.
Дар ҳоле ки Иёлоти Муттаҳида қаблан низ президентоне доштааст, ки тавоноиҳои онҳо мавриди шубҳа қарор гирифта буд аз ҷумла Ҷо Байдени 80‑сола, ки дар баробари мардум рафторҳои ғайримуқаррарӣ нишон медод ҳаргиз собитқадимӣ ва устувории як президенти Амрико то ба ин ҳад ошкор ва бо чунин паёмадҳои ҷиддӣ баҳс нашуда буд.
Демократҳое, ки солҳои тӯлонӣ саломатии равонии Трампро зери суол мебурданд, дархостҳои нав барои истинод ба моддаи 25‑уми Конститутсия (барои барканории президент бинобар нотавонӣ) матраҳ кардаанд. Аммо ин нигаронӣ танҳо аз ҷониби чапгароён, комедиантҳои телевизионӣ ё мутахассисони равоншиносӣ, ки аз дур ташхис медиҳанд, матраҳ намешавад; ин садоҳо дар миёни генералҳои бознишаста, дипломатҳо ва мақомдорони хориҷӣ низ шунида мешавад. Аз ҳама ҷолибтар акнун ин овозҳо дар миёни ростгароён ва муттаҳидони собиқи президент низ ба гӯш мерасад.
Масалан, Марджори Тейлор Грин, узви собиқи Маҷлиси Намояндагон ва ҷумҳурихоҳ аз штати Ҷорҷия, аз истифодаи моддаи 25‑ум ҳимоят кардааст ва ба CNN гуфтааст, ки таҳдид ба нобуд кардани тамаддуни Эрон «на сухани тез аст, балки девонагист».
Тибқи гузориши New York Times, баъзе аз суолот дар бораи саломатии равонии Трамп аз ҷониби касоне матраҳ мешавад, ки замоне бо ӯ кор мекарданд ва ҳоло мунтақидонаш шудаанд. Тай Кабб, вакил дар Кохи Сафед дар давраи аввалини раёсати ҷумҳурӣ, ба наздикӣ гуфтааст: «Президенти Амрико мардест, ки ошкоро девона аст ва силсилаи паёмҳои охири ӯ дар шабакаҳои иҷтимоӣ сатҳи девонагии ӯро равшан мекунад.»
Ҳамзамон, ба назар мерасад, ки шаҳрвандони амрикоӣ низ назари монанд доранд. Як назарсанҷии Reuters ва Ipsos дар моҳи феврал нишон додааст, ки 61 фоизи амрикоиҳо бар онанд, ки Трамп бо боло рафтани синнаш бештар димоғгар ва тағйирёбанда шудааст.
4346473